АфғонистонНуқтаи назарСиёсат

СИПОСНОМАИ ЯК КИШВАРИ ПУШТИБОНИ ТОЛИБОН БА РАДИОИ “ОЗОДӢ”

Сафорати Қатар дар Тоҷикистон рӯзи 1 октябр ба  радиои “Озодӣ”  сипоснома  додааст. Дар он гуфта мешавад, ки “бахши тоҷикии радиои “Озодӣ” дар Душанбе барои ҳамкорӣ ва пуштибонии давомдораш аз сафорати Қатар дар Тоҷикистон мукофотонида мешавад.”

Салим Аюбзод, мудири феълии бахши тоҷики радиои “Озодӣ”  дар як матлаб дар саҳифааш дар Фейсбук бо ифтихор ин сипосномаро намунаи ба ҷойгоҳи Радиои Озодӣ арҷ гузоштани сафоратҳои хориҷӣ номидааст. “Хеле мамнун! Саломат бошед! Росту дуруст хоҳем монд! Ҳамкорӣ ба хотири рушд шиори мост”, – навиштааст Аюбзод, ки  бо алоқаи беш аз ҳаддаш ба ҷоизаву мукофотҳо  ва гарданкаҷкуниҳояш барои гирифтани ҷоизаҳо маъруф аст.

Аммо аз ҷониби як расонаи амрикоӣ пазируфтани чунин ҷоиза аз ҷониби сафорати кишваре, ки  барои мавқеъгириҳои зиддунақизаш  ба боди интиқод кашида мешавад,  баҳсбарангез ба назар мерасад. Ва  дар шароите ки шеваи пайгирӣ ва инъикоси масоили марбут ба Толибон аз ҷониби Радиои “Озодӣ”  алакай суолҳо ва шакку шубҳаҳоеро ба вуҷуд овардааст, ин ҷоиза метавонад ҳамчун изҳори сипоси Қатар барои чунин сиёсати эҷодии Радиои “Озодӣ” талақӣ шавад.

Таври маълум, Қатар, ин кишвари арабии халиҷи Форс, бо сиёсатҳои баҳсбарангезаш дар масоили минтақа, ба хусус ба пуштибониаш аз Толибон ном баровардааст . Қатар, қарори маълум, чандин сол дафтари сиёсии ин ҳаракати тундрави дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон мамнӯъро дар пойтахташ, шаҳри Давҳа макон дода буд ва баъди ғасби Афғонистон аз ҷониби ҷангҷӯёни Толибон яке аз нахустин кишварҳое буд, ки бо ҳокимони нави Афғонистон тамос барқарор кард ва аввалин бастаҳои ёриҳоро ба онҳо расонд.

Дар Тоҷикистон ба далели пуштибонии Қатар аз Толибон нигоҳҳо ба ин кишвари арабӣ дар вақтҳои охир хеле манфӣ шудааст. Ахиран фаъолони ҷомиа ҳатто талаб карда буданд, ки ҳукумати Тоҷикистон сафоратҳои кишварҳои ҳомии Толибон, аз ҷумла сафорати Покистон ва сафорати Қатарро бубандад.

Тоҷикистон нисбат ба Толибон мавқеи шадидан мухолиф гирифта, гуфтааст, ҳар ҳукуматеро дар Афғонистон, ки ба тоҷикҳои он кишвар ҷойгоҳи шоиста надиҳад, эътироф нахоҳад кард. Тоҷикистон ҳамин тавр, аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, як эътилофи зидди Толибон пуштибонӣ мекунад ва бисёре аз раҳбарони онро паноҳ додааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button