ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

РУСИЯ ВАЛЕНТИНА ЧУПИКРО БА АРМАНИСТОН ИХРОҶ КАРДААСТ (АКС)

Валентина Чупик, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирон, ки як ҳафта боз дар фурудгоҳи Шереметево дар боздошт қарор дошт, рӯзи 2 октябр бо ирсоли як акс ба радиои “Озодӣ” хабар дод, ки ӯро алакай ба ҳавопаймо савор карданд ва ӯ ба Ереван, пойтахти Арманистон парвоз мекунад.

“Имрӯз соатҳои 8 субҳ ба ман шиносномаи узбекӣ доданд. Баъд ПСР тест гирифтанд ва баъд ба ҳавопаймо гусел карданд”, нақл кардааст ӯ.

Хабари аз боздошт озод шудани Валентина Чупикро яке аз ҳамсафони ӯ, ҳомии ҳуқуқи тоҷик Муҳаммад Собиров низ тасдиқ кардааст.

Валентина Чупик шаби 25 сентябр маҳз ҳангоми бозгашт аз Ереван дар фурудгоҳи Шереметевои шаҳри Маскав боздошт шуда буд. Мақомоти Русия ба ӯ гуфтанд, ки бар асоси қарори ВКД мақоми паноҳандагиаш дар Русия бекор карда шуда, ӯро барои 30 сол, яъне то соли 2051 аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум кардаанд.

Ҳомиёни ҳуқуқ тарс доштанд, ки Валентина Чупикро ба Ӯзбекистон ихроҷ мекунанд. Додгоҳи аврупоии ҳуқуқи башар ахиран бо судури як қарори вижа ихроҷи ӯро ба Ӯзбекистон дастикам то 17 октябр манъ кард. Валентина Чупик 7 сентябри соли 1973 дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбекистон ба дунё омада, дар замони президентии Ислом Каримов ба Русия фирор кард ва  инҷо мақоми паноҳандагӣ гирифт.

Тасмими ихроҷи Валентина Чупик ба Арманистон дар ҳоле гирифта шуда, ки ду рӯз пеш вакили ӯ Александр  Ким хабар дод, ки аз консулгарии Ӯзбекистон ба Шереметево омада, акси ӯро гирифтаанд. Онҳо ба Чупик гуфтаанд, бояд барояш санади расмие таҳия кунанд, ки имкони парвоз ба кишвари дилхоҳро барояш фароҳам биорад. Баъди мусодираи корти паноҳандагии Русия ӯ дигар ягон санад барои сафар ба кишвари дигар дар даст надошт.

Ёрони Валентина Чупик  ва худи ӯ мутмаинанд, ки маҳрум кардани ӯ аз мақоми паноҳанда ва “запрет” барои 30 сол як навъ интиқом барои мавқеи фаъоли шаҳрвандиест, ки ин ҳомии ҳуқуқ дар арсаи ҳимоят аз ҳаққи муҳоҷирон намоиш медод.

Валентина Чупик бо як ҷасорат ва оштинопазирии худ дар арсаи ҳимоят аз ҳаққи муҳоҷирон маъруф буд. Ӯ аслан фарқ намегузошт, ки аз ҳуқуқи кӣ ҳимоят мекунад: Муҳоҷирони тоҷик, ӯзбек, қирғиз ва ҳатто аз Африко ҳама барои ӯ баробар ва худӣ буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button