АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

МУЛОҚОТИ САФИРИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР КОБУЛ БО ВАЗИРИ ХОРИҶАИ ТОЛИБОН (3 АКС)

Сухангӯи  гуруҳи тундрави дар бисёр кишварҳо, аз ҷумла дар Тоҷикистон мамнӯи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи 2 октябр бо нашри се акс дар Твиттер  хабар дод, ки “нимарӯзӣ сарпарасти вазорати хориҷаи Аморати исломии Афғонистон Амирхон Муттақӣ бо сафири Ӯзбекистон Шодмонов Ёдгорхоҷа Маҳмадович ва ҳайъате, ки ӯро ҳамроҳӣ мекард, вохӯрд. Ҷаноби Маҳмадович масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, дар бораи нақшаи бозсозии фурудгоҳи Мазори Шариф ва аз сар гирифтани парвозҳо аз Ӯзбекистон ба Кобул баёнияҳои ҷолиб кард.”

Бино ба ин манбаъ, Муттақӣ аз тарафи худ ба сафири Ӯзбекистон барои ташрифаш изҳори сипос карда, низ хостори тақвияти минбаъдаи равобити дуҷониба шудааст.

Ӯзбекистон аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ яке аз нахустинҳо шуда, дар пайи ҷустуҷӯи роҳҳои тамос бо режими нави Толибон дар Афғонистон шуд. Ин кишвар рӯзи 14 сентябр ба Афғонистон 1300 тонна кумаки башарӣ фиристод, ки нахустин кумаки Тошканд ба Афғонистон баъди ба дасти Толибон гузаштани умури он кишвар буд. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев қаблан гуфта буд, ки тақрибан ду сол боз бо намояндагони Толибон тамосҳо дошт.

Бо Толибон дипломатҳои Туркманистон низ фаъолона дар тамос мебошанд. Толибон ахиран ҳатто президенти Туркманистонро ба муносибати ҷашни истиқлоли кишвараш табрик гуфт.

Рӯзи 23 сентябр бо Муттақӣ дар Кобул муовини раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Талъатбек Масодиқов  ва сардори шӯъбаи сиёсати берунаи дастгоҳи президенти Қирғизистон Жээнбек Қулубоев низ мулоқот карданд. Онҳо бо як бастаи ёриҳои башарӣ ба Кобул рафта буданд. Сухангӯи “аморати исломӣ” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар дод, ки “дар ҷараёни мулоқот Муттақӣ-соҳиб  меҳмононро истиқбол  кард ва барои кумакашон изҳори сипос кард.”

Ба дунбол,

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки сафири ин кишвар дар Кобул Алимхон Есенгелдиев бо и.в. вазири корҳои хориҷии Афғонистон Амирхон Муттақӣ масъалаи расондани кумакҳои ғизоӣ ва дигар ёриҳои башариро баррасӣ кардааст.

Вазорати хориҷаи Қазоқистон дар иттилоияаш намояндаи Толибонро расман “раҳбари идораи сиёсати хориҷии Афғонистон” ном бурда, гуфт, ки Муттақӣ аз сиёсати хориҷии Қазоқистон ситоиш ва барои омодагии ин кишвар ба ироаи кумакҳо дар ин давраи мураккаби гузариш изҳори сипос кардааст.

Ба фарқ аз дигар кишварҳои минтақа, Тоҷикистон аз аввал нисбат ба Толибон мавқеи шадид гирифт ва гуфт, ҳукуматеро, ки дар он ба намояндагони ақалиятҳои қавмии Афғонистон, бахусус ба тоҷикони он кишвар ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, эътироф нахоҳад кард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд бор гуфт, тоҷикҳо 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳукумат ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сурати ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии Аҳмади Масъуд ба зидди Толибон меҷангад, тарафдорӣ мекунад ва Покистон, ҳомии асосии Толибонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикҳои Афғонистон дар шаҳри Душанбе мутақоид кард. Президенти Тоҷикистон ҳамин тавр, Толибонро айбдор мекунад, ки Афғонистонро дубора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил дода истодаанд.

Чунин мавқеъгириҳои Душанбе роҳбарони Толибонро асабӣ кардааст. Ахиран Толибон  Тоҷикистонро дар дахолат дар корҳояш айбдор кард ва гуфт, “ҳар амал аксуламале дорад”.

Ҷанги таҳдидҳо байни Тоҷикистону Толибон ба ҳадде авҷ гирифт, ки ахиран Маскав бо изҳори нигаронӣ аз ин намоиши зӯри бозу ҳарду ҷонибро ба оромӣ даъват кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button