ВидеоИқтисодКоррупсия

МИЛЛИОНЕР АЗИЗҶОН АЗ ЛЕВАКАНТ БА 3 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Амиршоев Азизҷон Суҳбатуллоевич, сокини шаҳри Левакант,  бо ҷурми напардохтани андоз ба 3 соли зиндон маҳкум шуд. Ба гуфтаи тафтишот, Амиршоев  фақат аз моҳи май то декабри соли 2019 аз Хитой ва Эрон ба маблағи қариб 4 миллион доллар борҳои гуногун, аз ҷумла масолеҳи сохтмон ва молҳои мавриди ниёзи мардум оварда, қариб якуним миллион сомонӣ андозҳои ҷамъшуда аз ин фаъолиятҳояшро насупурдааст. Дар рафти тафтишот маълум шудааст, ки ҶДММ “Левакант”, ки Азизҷон Амиршоев тавассути он борҳояшро аз Хитой меовард, аслан ба номи як каси дигар сабти ном шудааст.

Худи Амиршоев ва вакил ё наздикони ӯ қазияро шарҳ надодаанд, вале тафтишот мегӯяд, шгуноҳи ӯ дар ҷараёни тафтишот ва мурофиа исбот шуд.

Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайи ба иҷро даромадани ҳукми Азизҷон Амиршоев бархе тафсилоти парвандаи ӯро нашр кард. Ба гуфтаи тафтишот, Амиршоев 20 марти соли 2019 ҶДММ «Левакант»-ро ғайриқонунӣ бо воситаи шаҳрванд Азизов Зайдулло ташкил намуда, аз 1 марти соли 2019 то 1 июли соли 2020 ба фаъолияти соҳибкории ғайриқонунӣ машғул шуда, ба содир намудани ҷиноят даст задааст.

 “Чунончӣ, ӯ, аз моҳи май то моҳи декабри соли 2019 ба маблағи 3 миллиону 856 ҳазору 590 доллари америкоӣ,  баробар ба 36 миллиону 885 ҳазору 726 сомонӣ молу маҳсулоти сохтмонию ниёзи мардум аз Ҷумҳуриҳои Хитой ва Ирон тавассути дидбонгоҳи «Терминал»-и шаҳри Душанбе ворид намуда, аз пардохти андозҳои ҳатмӣ дар ҳаҷми умумии 1 миллиону 465 ҳазору 908 сомонӣ барқасдона саркашӣ намудааст”, – гуфта мешавад дар иттилоияи додситонӣ.

   Прокурори шаҳри Левакант, нисбати Амиршоев А.С. бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: 260 қисми 1 (ташкили ғайриқонунии ширкат) ва 292 қисми 1 (саркашӣ аз пардохти андозҳо) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, баъд аз анҷоми тафтишот ба суди шаҳри Левакант, барои баррасӣ намудан ирсол намудааст.

  Парвандаи ҷиноятии Амиршоевр аз тарафи суди сайёри шаҳри Левакант дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуда, Амиршоев А.С.,  бар асоси ҳарду иттиҳоми эълоншуда гунаҳгор дониста шуд. Бо ҳукми додгоҳ ба Амиршоев ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 3 солбо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумӣ  таъин карда шуда, ӯро бо ҳукми додгоҳ аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ низ маҳрум кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button