ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ СЕ НАФАР ДАР ДУ САДАМА ВА ҒОРАТГАРӢ ДАР НАЗДИ “ДУШАНБЕ СИТИ”

Рӯзи 1 октябр,  соати 14, дар роҳи деҳаи Гулшани ноҳияи Ашт бар асари чаппа шудани мошини “Мерседес” ронандаи мошин ва мусофираш, ҳарду 24-сола, ба ҳалокат расидаанд.

хххххххххххх

Шоми 30 сентябр, соати 19, бар асари бархӯрди дучарха бо скутер дар роҳи байни Шаҳритӯс ва Носири Хисрав ҳамсари 66-солаи ронандаи скутер ҷон бохтааст.

хххххххххххх

Сокини 25 ва 29-солаи шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Темурмалик ба он айбдор мешаванд, ки субҳи 30 сентябр, соати 8:50 дар нази бинои “Душанбе Сити” сокини 39-солаи пойтахтро латту кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз ҷайбаш 1 ҳазору 400 сомонӣ кашида гирифтаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 2 октябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани ду садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 30-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 19:00, Файзуллоев Абдусаттор, соли таваллудаш 1954, сокини ҷамоати деҳоти Истиқлол, бо воситаи дучархаи тамғаи «Скутер» бо ҳамроҳии ҳамсараш Раҳматова Ҳайтбибӣ Норматовна, соли таваллудаш 1955, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Н.Хусрав ба самти ноҳияи Шаҳритус, воқеъ дар ҳудуди деҳаи Комсомол, аз уҳдаи идора кардани скутер набаромада, ба велосипедрони ноболиғ, Амирбеков Хушқадам Хуррамович, соли таваллудаш 2011, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, Раҳматова Ҳ.Н. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
1-уми октябри соли 2021, тахминан соати 14:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес-Бенс», Ҳайитматов Маҳмадалӣ Ҷуманбоевич, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ашт, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди деҳаи Гулшан, аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, худи ронанда Ҳайитматов М.Ҷ. ва мусофири дар дохили автомашина буда Ҳалимов Достон Рустамович, соли таваллудаш 1997, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳатҳои вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани ҷинояти ғоратгарӣ

Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 39-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 30-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 08:50-дақиқа, дар кӯчаи Н.Қарабоев, назди бинои «Душанбе Сити» шахсони номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи ошкоро аз ҷайбаш 1 ҳазору 400 сомонӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабини оперативӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ва марди 29-солаи сокини ноҳияи Темурмалик бо гумони содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуданд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button