ВидеоМуҳоҷиронСиёсат

БОЗДОШТИ ФИРДАВС СУЛАЙМОНОВ БАРОИ ДАЪВАТ БА ИВАЗ КАРДАНИ СОХТИ СИЁСИИ ТОҶИКИСТОН

Шоми 1 октябр дар шаҳри Пушкин (собиқ Тсарское Село), дар 24-километрии Санкт-Петербург, шаҳрванди 42-солаи Тоҷикистон Фирдавс Сулаймоновро ба сабаби дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доштанаш дастгир кардаанд. Дар ин бора ба  пойгоҳи хабарии  “Невские новости” манбааш дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, Фирдавс Сулаймонов ҳоло дар қисми навбатдории раёсати корҳои дохилии шаҳри Петербург нигоҳ дошта мешавад ва пулис алакай ба мақомоти Тоҷикистон дар бораи боздошти ӯ хабар додааст. Акнун бояд масъалаи истирдоди ӯ ба Тоҷикистон баррасӣ шавад.

Манбаи “Невские новости” хабар дод, ки Сулаймоновро дар Тоҷикистон ҳабс интизор аст, чунки ӯро ба даъватҳои оммавӣ ба ифротгароӣ айбдор мекунанд. Бино ба фарзияи тафтишот, Фирдавс Сулаймонов рӯзи 3 январи соли ҷорӣ ҳангоми дар Русия қарор доштанаш ҳамчун меҳмон дар барномае дар Ютуб, ки аз сӯи як гуруҳи дар Тоҷикистон террористӣ эътирофшуда иштирок карда, гӯё дар рафти барнома ба тағйир додани сохти сиёсии ҷумҳурӣ даъват кардааст.

Ҳанӯз маълум нест, ки сухан мушаххасан дар бораи кадом барномаи оппозитсионӣ меравад? Қаблан мақомоти Тоҷикистон чанд нафарро бо ҷурми иштирок дар барномаҳои “Ислоҳ ТВ” бо блогери мухолиф Муҳаммадиқболи Садриддин ва “Ҳақ ва ботил” аз фаъоли  ҳаракати оппозитсионии дар Тоҷикистон мамнӯи “Гуруҳи 24” Ҳусейн Ашӯров зиндонӣ карда буданд.

Аз ҷумла моҳи майи соли ҷорӣ  додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Абдусаттор Мирзоев, сарбори анбори лавозимоти алоқа ва воситаҳои фаннии қисми ҳарбии 6593 Сарраёсати зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистонро бо бар асоси қисми дуюми моддаи 307, иловаи 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон бо ҷурми мусоидат ба фаъолияти созмонҳои бо қарори додгоҳ ғайриқонунӣ эълоншуда бо истифода аз Интернет ба 7 соли зиндони низомаш пурзӯр маҳкум кард.

 Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи ин парванда гуфт, “Мирзоев  Абдусаттор Абдураҳимович дар давраи адои хизматаш даст ба ҷиноят ба муқобили асосҳои сохтори конститусионӣ ва амнияти давлат задааст, ки моҳияти он дар мусоидат кардан дар фаъолияти ташкилоти экстремистӣ зоҳир мегардад.”  Абдусаттор Мирзоев гӯё дар суҳбат бо Муҳаммадиқболи Садриддин розӣ шудааст, ки дар сурати оғози “инқилоб” дар Тоҷикистон ба оппозитсия кумак карда, воситаҳои алоқаро дар маҳбасҳо аз кор барорад ва нирӯи барқро хомӯш кунад.

Аммо Муҳаммадиқболи Садриддин он вақт ба “Бомдод” гуфт, ин нафареро, ки бо ҷурми гӯё суҳбат бо сардабири “Ислоҳ” ба  7 соли маҳбас маҳкум шудааст, аслан намешиносад. Ҳусейн Ашӯров низ бо барномаи ӯ ҳамкорӣ доштани Абдусаттор Мирзоевро рад карда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button