ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

НАҶОТИ 7 НАФАР ДАР ЯК ЛИФТИ ХАРОБШУДА

1 октябри соли 2021 як сокини шаҳри Душанбе ба қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда занг зада, хабар додааст, ки дар як бинои бисёрошёна воқеъ дар кӯчаи Синои пойтахт лифт аз кор мондаву дохили он 7 нафар дармондаанд ва ҳеч илоҷи баромадан надоранд.

КҲФ гуфт, дастаи имдодгарони Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба макони ҳодиса сафарбар шуд ва наҷотдиҳандагон дар дақиқаҳои башумор бо ёрии таҷҳизоти махсус дарро боз карданд ва одамони дохили онро, ки ҳамагӣ сокинони ҳамин бино будаанд, аз дохили лифт берун оварданд. Ҳамзамон наҷотёфтагонро духтурон муоина карданд ва ҳеч нафаре ба кумаки тиббӣ ниёз надоштааст.

Сокинони  бино ва бахусус наҷотёфтагон ба кормандони КҲФ барои вокуниши фаврӣ ва кумаки сареъ изҳори сипос намуданд. 

Ба ҳисоби КҲФ, аз соли 2019 то шаш моҳи соли соли равон 29 ҳодисаи кумак ба боз кардани дарҳои лифтҳои вайроншуда ба қайд гирифта шуда, кормандони ин ниҳод 63 нафарро аз дохили лифтҳои вайрон наҷот додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button