ВидеоҲуқуқи инсонҶомеа

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ШУРӮЪ ШУД. ЧОРКӮҲУ ВОРУХ ДАР РӮЗИ АВВАЛ НАҚШАРО ИҶРО КАРДАНД (59 АКС)

Рӯзи 1 октябр дар Тоҷикистон расман мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳ оғоз ёфт. Ин нахустин даъват дар пайи қабули қонун дар дар бораи хидмати алтернативист, ки ба шаҳрвандоне, ки намехоҳанд ду сол хидмати ҳарбӣ бираванд, имкон медиҳад бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ маблағ ба буҷаи давлат, ҳамагӣ як моҳ хидмат кунанд.

Даъвати тирамоҳӣ ду моҳ: аз 1 октбяр то 30 ноябр давом мекунад. Вале шаҳрдории Исфара хабар дод, ки ҷамоатҳои Чоркӯҳ ва Ворух, ки ду нуқтаи доғи асосӣ дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ба шумор мераванд, алакай субҳи 1 октябр нақшаи даъват ба саффаи артишро бомуваффақият иҷро кардаанд.

Зубайдулло Шомадов, сухангӯи шаҳрдории Исфара бо нашри 59 акс хабар дод, ки наваскарон аз Чоркӯҳ ва Ворухро бо баргузории ду маросими мутантан бо иштироки шаҳрдори Исфара Баҳовуддин Баҳодурзода ба хидмат гусел кардаанд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз рӯзи 2 сентябр фармон дар бораи даъвати тирамоҳиро имзо кард.  Бар асоси ин фармон, бояд моҳҳои октябр-ноябри соли 2021 сарбозонеро, ки замони хидматашон ба анҷом расидааст,  аз хидмат ҷавоб дода шуда, ҷавонони синну солашон аз 1994 то 2003 ба хидмат сафарбар карда шаванд.

Аз Вазорати фарҳанг, Кумитаи ҷавонон ва Кумитаи телевизион ва радио хоста шуда буд, ки “омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғиб намоянд.”


Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: баҳор дар моҳҳои апрелу май ва тирамоҳ дар моҳҳои октябр ва ноябр сурат мегирад.

Даъвати имсола нахустин даъват дар пайи қабули қонун дар дар бораи хидмати алтернативӣ аст. Бар асоси он, шаҳрвандоне, ки намехоҳанд ду сол хидмати ҳарбӣ бираванд, метавонанд бо пардохти 25 ҳазору 200 сомонӣ маблағ ба буҷаи давлат, ҳамагӣ як моҳ хидмат кунанд.

Бисёриҳо умедворанд, ки ин қонун заминаро аз зери пои коррупсия дар сохторҳои комиссариатҳои ҳарбӣ зада, ба таҷрибаи бадномшудаи “облава” нуқта мегузорад.

Қарори маълум, қаблан ҳар даъват ба саффи артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳои фаровон аз “облава” ҷараён мегирифт. “Облава” номест, ки мардум ба мавридҳои дар кӯчаю бозор ва ҳатто аз хонаҳояшон маҷбуран доштану ба артиш бурдани ҷавонони синну соли хидматӣ гузоштаанд. Дар ҳар мавсими даъват дар Интернет видеоҳои зиёде гузошта мешуд, ки чӣ гуна кормандони мақомот ҷавононро дар кӯча дошта, ба мошинҳо бор мекунанд, то ки ба комиссариати ҳарбӣ баранд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button