ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

БОЗДОШТИ ПРЕЗИДЕНТИ СОБИҚИ ГУРҶИСТОН МИХАИЛ СААКАШВИЛИ (ВИДЕО)

Шоми 1 октябр сарвазири Гурҷистон Ираклий Ғарибашвили дар як нишасти хабарии изтирорӣ хабар дод, ки президенти собиқи ин кишвар Михаил Саакашвили дар натиҷаи як амалиёти муштараки ВКД ва Хадамоти амнияти давлатӣ дастгир шудааст. Ғарибашвили гуфт, мақомоти амниятӣ хатти сафари Саакашвили аз Украина ба Гурҷистонро пайгирӣ доштанд.

Саакашвили, ки 54 сол дорад ва солҳои охир дар Украина ба сар мебурд, қаблан чиптаи ҳавопайморо нишон дода, эълон кард, ки шоми 2 октябр, дар рӯзи интихоботи вакилони маҳаллӣ ба Гурҷистон бармегардад.

Хабари боздошти ӯ дар ҳолест, ки аз субҳи 1 октябр хабари дар шаҳри Батуми қарор доштани Саакашвили паҳн шуда буд. Ӯ ҳатто дар Интернет як видеоро аз Батуми нашр кард.

Маълум нест, ки ӯ бо чӣ роҳе вориди кишвар шудааст. Саакашвили, ки 8 сол боз берун аз Гурҷистон ба сар мебурд, бо ду ҳукми додгоҳи шаҳри Тифлис бо ҷурми берун рафтан аз ҳадди ваколат дар замони президентиаш ба 3 ва 6 соли зиндон маҳкум шудааст.

Аммо бо вуҷуди ду ҳукми зиндон ва ҳушдори мақомоти Гурҷистон, ки гуфтанд, ӯро баробари вуруд ба хоки ин кишвар ба ҳабс мегиранд, Саакашвили баргашт. Дар видеои ахираш Саакашвили иддао мекард, ки дар Батуми аст. Ӯ дар он видео аз мардум хост, ки рӯзи 2 октябр дар овоздиҳӣ иштирок кунанд ва сипас дар маркази Тифлис ҷамъ шаванд.

Михаил Саакашвили соли 2004 дар натиҷаи “инқилоби садбаргҳо” ба қудрат расида, ду давра, то соли 2013 раисиҷумҳури Гурҷистон буд. Давраи раёсати ӯ бо муборизаи беамон бо коррупсия ва сохтани асосҳои як давлати муосири демократӣ дар Гурҷистон дар ёдҳо нақш бастааст. Саакашвили, барои мисол, тамоми кормандони БДАро дар як шаб барканор карда, ин ниҳодро тамоман барҳам дода буд. Гузашти вақт нишон дод, ки бидуни БДА шумораи садамаҳо ва қонуншиканиҳо дар роҳҳо баракс камтар шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button