ВидеоМуҳоҷиронТиб ва беҳдошт/Муҳити зистҲуқуқи инсон

ВКД РУСИЯ ҲУШДОР ДОД, КИ БАЪДИ 30 СЕНТЯБР МУҲОҶИРОНИ ҒАЙРИҚОНУНИРО ИХРОҶ МЕКУНАНД

Рӯзи панҷшанбе, 30 сентябр, муҳлати ниҳоие, ки барои хориҷиён, аз ҷумла ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ барои қонунӣ кардани будубошашон дар Русия дода шуда буд, ба поён мерасад. ВКД Русия ҳушдор дод, ки баъди ин онҳоеро, ки будубоши худро қонунӣ накардаанд, метавонанд ихроҷ кунанд. Вале барои шаҳрвандони Озарбойҷон, Молдова, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Украина то 31 декабри соли 2021 имкони муроҷиат барои патент дода шудааст.

Қарори маълум, аз моҳи марти соли 2020 ба сабаби пандемияи коронавирус замони будубоши хориҷиён дар Русия бо фармонҳои президент Путин ҳар се моҳ тамдид карда мешуд. Тибқи охирин фармони Путин, ба муҳоҷирон то 30 сентябр барои қонунӣ кардани будубошашон дар Русия фурсат дода шуда буд.

Сардори раёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия генерал-лейтенанти пулис Валентина Казакова ҳушдор дод, ки баъди 30 сентябр пулис метавонад нисбат ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ чора бияндешад. Ин чораҳо, ба гуфтаи хонум Казакова, ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонуниро низ дар бар хоҳад гирифт. Ду рӯз қабл пулиси Маскав низ ҳудор дода буд, ки мораторий нисбат ба муҳоҷирон тамом мешавад ва онҳое, ки худро қонунӣ накарданд, ҷазо мегиранд.

Вале Казакова гуфтааст, ки “ҳоло дар Русия 7 миллион хориҷӣ қарор доранд. Дар байни онҳо аксаран муҳоҷирони қонунианд ва танҳо як теъдоди ночизашон ғайриқонунианд.”

Солҳои пеш шумори муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия то ба 11 миллион нафар мерасид, вале ба сабаби пандемия шумори онҳо тақрибан 4 миллион нафар коҳиш ёфт.

Бар асоси охирин омори ВКД Русия, ки ҳанӯз моҳи апрел нашр шуда буд,  дар ин кишвар ҳудуди 1,7 миллион муҳоҷирони ғайриқонунӣ қарор доранд, ки аз ин шумор 332 ҳазорашро шаҳрвандони Ӯзбекистон, 247 ҳазорашро муҳоҷирони тоҷик, 152 ҳазорро зодагони Украина, 115 ҳазорро шаҳрвандони Қирғизистон, 61 ҳазорро зодагони Арманистон, 56 ҳазорро муҳоҷирони молдован ва 49 ҳазорро шаҳрвандони Қазоқистон ташкил медоданд. Маълум нест, ки дар ин ним соли гузашта чӣ миқдоре аз ин муҳоҷирони ғайриқонунӣ тарки Русия карда чанд нафар будубоши худро қонунӣ кардаанд ва чанд муҳоҷири ғайриқонунӣ боқӣ мондааст?

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯянд, дар марказҳои сабти номи муҳоҷирон дар саросари Русия навбатҳои тӯлонӣ ба вуҷуд омадааст ва бисёре аз онҳо шояд натавонанд то 30 сентябр будубоши худро қонунӣ кунанд. Раҳбари кумитаи “Гражданское содействие” Светлана Ганнушкина гуфтааст,  ки бахусус муҳоҷирони афғон дар як ҳолати осебпазир қарор гирифтаанд, чунки қудратро дар кишвари зодгоҳи онҳо Толибон ғасб кардааст ва ин муҳоҷирон метарсанд, ки ба ватанашон баргарданд.

Дар ҳамин ҳол,  “Коммерсант” бо истинод ба раҳбари Шӯрои ҳуқуқи инсони Русия Валерий Фадеев ва чанд манбаи дигар хабар додааст, ки мораторий ба ихроҷи муҳоҷиронро шояд боз тамдид кунанд. Вале расман қароре дар ин бора ҳанӯз набаромадааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button