ВидеоҲуқуқи инсон
ҲАЛОКАТИ ПИЁДАГАРДИ ШАХСИЯТАШ НОМАЪЛУМ ДАР ВАҲДАТ

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки соати дувоздаҳи шаби 29 сентябр ронандаи автомашинаи тамғаи «Донфенг», Шарипов Фариддун Абдусамадович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Гулхан ба самти кӯчаи А.Ҷомии шаҳри Ваҳдат, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, марди шахсияташ номаълум, тахминан 30-35 соларо пахш намудааст. Дар натиҷа, пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Соли 2020 бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон 375 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 нафар маъюб шудаанд. Дар нимаи аввали соли 2021 дар роҳҳои Тоҷикистон 151 нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд.