ВидеоНуқтаи назарҶомеа

ФЕЙСБУК ГУРУҲИ “ЦАВОР КУЕН”-РО БО БЕШ АЗ 61 ҲАЗОР ПАЙРАВАШ БАСТ

“Цавор Куен”, яке аз пуртарафдортарин гуруҳҳои фейсбукии махсуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон инак ду моҳ боз нопадид шудааст. Замони баста шуданаш ин гуруҳ беш аз 61 ҳазор пайрав дошт ва дар майдонҳои баҳси зери матолибаш садҳо ва гоҳо ҳазорон нафар иштирок ва пиромуни масоили доғи Бадахшон ва Тоҷикистон баҳс мекарданд.

Азиз Мукаиршоев, муассис ва гардонандаи гуруҳи “Цавор Куен”, дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” гуфт, ин гуруҳ аз ҷониби маъмурияти Фейсбук гӯё барои вайрон кардани қоидаҳои ин шабакаи иҷтимоӣ баста шудааст.

Азиз Мукаиршоев гуфт: “Мо ҳоло ба маъмурияти Фейсбук ва созмонҳои дифоъ аз озодии баён муроҷиат кардаем ва талош дорем, ки гуруҳамонро барқарор кунем. Мутаассифона, Фейсбук то ҳол як шарҳи мушаххас надодааст, ки иллати бастани гуруҳ чӣ буд ва мо мушаххасан дар кадом матлаб кадом қоидаи ин шабакаро вайрон кардаем. Фикр мекунам, “Цавор Куен” қурбони ҳамлаи бадхоҳони мо шуд. Ин бадхоҳон бо фиристодани сели шикоятҳо ба Фейсбук ниҳоят ба бастани гуруҳи мо  муваффақ шуданд.”

То замони барқарор шудани гуруҳи аслии “Цавор Куен” Азиз Мукаиршоев ва ҳамфикронаш гуруҳи наверо бо айни чунин ном дар Фейсбук таъсис додаанд, ки дар ду моҳ алакай қариб 10 ҳазор пайрав ҷамъ овардааст. Ин гуруҳ дар ин нишонӣ қобили дарёфт аст:

https://www.facebook.com/groups/894471763956205/

Коршиносони тоҷик мегӯянд, маъмурияти Фейсбук имкони назорати муҳтавои матлабҳои гуруҳҳои тоҷикиро дар ин шабака надорад, чунки барои бояд коргарони зиёдеро ба кор бигирад, ки забони тоҷикиро бидонанд. Ба ин далел, гумон меравад, ки дар мавриди  муҷозот ва бастани гуруҳҳо ва саҳифаҳои алоҳидаи тоҷикиро дар ин шабака маъмурияташ бар асоси ягон алгоритм, аз ҷумла шояд бар асоси шумораи шикоятҳо,  тасмим мегирад.

Дар камтар аз як соли охир “Цавор Куен”  дастикам панҷумин гуруҳи пурхонанда дар сегменти тоҷикии Фейсбук аст, ки аз тарафи  маъмурияти ин шабакаи иҷтимоӣ баста шуданд.

 Моҳи ноябри соли 2020 Фейсбук гуруҳи “Ман Хуҷандро дӯст медорам! Я люблю Худжанд!” –ро, ки низ беш аз 70 ҳазор пайрав дошт, баст. Маъмурони гуруҳ гуфта буданд, ки Фейсбук онҳоро ба нашри матлабҳои тарғиботӣ айбдор кардааст.  Маъмурони “Ман Хуҷандро дӯст медорам! Я люблю Худжанд!” он вақт гуфта буданд, ки барои бозбинии тасмими маъмурияти Фейсбук талош доранд ва ба зудӣ фаъолияти гуруҳро аз сар хоҳанд гирифт, вале бо гузашти қариб 10 моҳ ин гуруҳи пурхонанда дигар дар майдони Фейсбук зоҳир нашуд.

Моҳи июли соли ҷорӣ Фейсбук ҳамин тавр, “Мы-Таджикистанцы!/ Мо – Тоҷикистониён!”, гуруҳеро, ки бо наздики 190 ҳазор пайрав дуюмин гуруҳи пурхонандатарин дар сегменти тоҷикии Фейсбук ба шумор мерафт, баст. Маъмурони ин гуруҳ билофосила гуруҳи наверо бо айни номи “Мы-Таджикистанцы!/ Мо – Тоҷикистониён!” таъсис доданд, ки дар як моҳи аввал алакай беш аз 11 ҳазор пайрав ҷамъ овард.

Моҳи август Фейсбук гуруҳи “Ахбор барои афкор” аз журналист Раҷаби Мирзоро, ки 75 ҳазор узв дорад,  низ баст, вале ӯ тавонист тавассути созмонҳои ҳомии озодии баён гуруҳашро баъди се рӯз барқарор кунад.

Дар сегменти тоҷикии Фейсбук гуруҳи аз ҳама пуртарафдор гуруҳе бо номи “Ахбори Тоҷикистон” буд, ки Парвиз Тағоев барои таблиғи раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода буд. Аммо чанд вақти ахир ин гуруҳ низ дар Фейсбук нопайдо шудааст.

Гуруҳи дигари пуртарафдор дар сегменти тоҷикии Фейсбук ҳоло гуруҳи “Новости Центральной Азии/Ахбори Осиёи Марказӣ/Central Asian News” аст, ки 134 ҳазор пайрав дорад. Гуруҳи “Бомдод – Минбари озод” низ бо 46 ҳазор пайрав аз гуруҳҳои пурхонандаи тоҷикӣ  дар шабакаи Фейсбук ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button