ДУ КӮДАКИ ТОҶИК ДАР ВИЛОЯТИ МАСКАВ ҒАРҚ ШУДАНД. ЯКЕИ ОНҲО ҲАЛОК ШУДААСТ

Рӯзи 29 сентябр дар деҳаи дворики дар ҳавзаи шаҳри Коломна дар вилояти Маскав ду кӯдак дар кӯл ғарқ шудаанд. Яке аз онҳоро наҷот дода натавонистанд.
Нашрияи «МК» хабар дод, ки ин фалокат тақрибан соати 15 рӯй дода, қурбониён ҳарду аз Тоҷикистон будаанд. Ду акаю додар, ки калониаш дусола буда, хурдиаш ҳамагӣ як сол дошт, ба оби кул (пруд) наздик рафта, аз баландӣ ба кӯл афтодаанд.
Кӯдаки калонӣ, мутаассифона, ғарқ шудааст, вале хурдиро тавонистаанд аз об берун бароранд. Ӯ ҳоло дар бахши реаниматсияи бемористон бистарӣ карда шудааст.
Тафсилоти дигар дастрас нест. Дар робита ба ин ҳодисаи нохуш таҳқиқ идома дорад.
Ҳар сол дар Русия беш аз 1000 нафар аз зодагони Тоҷикистон, аз ҷумла кӯдакон, ба иллатҳои гуногун тарки ин дунё мекунанд. Қаблан ҳам дар бораи бар асари ҳодисаҳои нохуш дар Русия ҷон бохтани кӯдакони тоҷик гузориш шуда буд.