ВидеоҲодиса

БОЗДОШТИ БЛОГЕРИ ТОҶИК БАРОИ СЕКС ДАР НАЗДИ КАЛИСО ДАР МАЙДОНИ СУРХИ МАСКАВ

Руслан Бобиев, маъруф ба Русик_04, як блогери ҷавони зодаи деҳа Ёгеди ноҳияи Дарвози Тоҷикистон дар шаҳри Маскав бо иттиҳоми таҳқири эътиқоди мардуми диндор боздошт шудааст.

Руслан Бобиев рӯзи 29 сентябр дар саҳифаҳояш дар чанд шабакаи иҷтимоӣ як силсила аксҳояш бо як духтари қиёфааш славяниро, ки дар пасманзарашон калисои Василий Блаженний дар майдони Сурх дар маркази Маскав менамояд, нашр кард.

Дар байни ин аксҳои дар умум  қобили қабул як акси беадабонае ҳам буд, ки мавҷи вокунишҳои манфӣ ва даъватҳо аз мақомоти Русия барои боздошт ва муҷозоти ин блогерро ба бор овард.

Дар ин акс блогери тоҷик ва духтаре, ки дар тан либоси пулис дошт, дар пасманзари калисо саҳнаи алоқаи ҷинсиро дар шакли робитаи ҷинсии даҳонӣ (оральный секс) вонамуд мекунанд. Руслан Бобиев дар зери ин акси иғвобарангез навиштааст: “Кодекси меҳнат кодекси ҷиноятӣ нест, онро метавон вайрон ҳам кард.”

Гуфта мешавад, ки блогер ба хотири 10 ҳазор лайк даст ба ин фотосессияи иғвобарангез задааст. Расонаҳо менависанд, ки пулисро ба болои ин пӯшондани либоси пулис ба тани духтари шарики блогери тоҷик боз ҳам бештар ба хашм овардааст.

Бобиев дар Инстаграм 101 ҳазор ва дар ТикТок 5 ҳазор пайрав дошт. Баъди ҳабси ӯ саҳифашояш дар ин ду шабакаи иҷтимоӣ нопадида шуданд. Вале аксҳои иғвобарангез ҳамчунон дар Интернет мечарханд, чунки дигар корбарон онҳоро нусхабардорӣ ва бознашр карданд.

Руслан Бобиев зодаи деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвоз буда, баъди хатми мактаби №6 дар зодгоҳаш ба шаҳри Сочии Русия ва ахиран аз онҷо ба Маскав кӯчида, ҳоло дар Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов таҳсил мекардааст. Ӯ қаблан ҳам барои як силсила видеоҳои иғвобарангез, ки одамонро аз пушт омада мезад, низ дастгир шуда буд.

Бар асоси моддаи 148 Кодекси ҷиноятии Русия ба Бобиев барои таҳқири диндорон ҷарима, ё корҳои ислоҳӣ ва ҳатто 3 сол ҳукми зиндон таҳдид мекунад. Вале матбуоти Русия менависад, ки ӯро метавонанд мисли комики озаритабор Идрок Мирзоализода, ки барои як шӯхии ноҷо дар бораи русҳо умрбод аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум гардид, низ умрбод депортатсия шавад.

Бобиев ягона блогери тоҷик нест, ки дар Русия дастгир шудаанд.

Соли 2019  овозхони рэп ва блогери тоҷик Самандар Раҷабов дар пайи як гирдиҳамоии эътирозии оппозитсияи руся дар Маскав ба ҳамла бо шишаи об ба афсари пулис айбдор шуда, қариб ним солро пушти панҷара ба сар бурд.

Блогер Кароматулло Ҷаборов моҳи феврали соли 2020 барои як пранки ноҷо дар мавзӯи коронавирус дар метрои Маскав дастгир шуд ва танҳо дар аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ, баъди дар пушти панҷара паси сар кардани 1 солу 8 моҳ тавонист ба озодӣ барояд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

One Comment

  1. Ин чавон, пеш аз хама бетарбия будааст. Бо рафтори гайриинсониаш ки на аз руи Дин ва ин руи оин тугри нест, вай пеш аз хама хамвататанони худро шарманда ва подставить кард. Ин хел шармандахоро бояд точикони худмон капида депортация кунанд.

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button