ВидеоМуҳоҷиронХабарҳои кӯтоҳ

МУҶОЗОТИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК, КИ МЕХОСТ ХУДРО БА ДУХТАРҲО “БЛАТНОЙ” НИШОН ДИҲАД

Як ҷавони тоҷики 18-сола бо номи Отабек, ки дар ноҳияи Пролетари шаҳри Тула зиндагӣ мекард, бо ҷурми ифротгароӣ ҷарима баста шуд. Дар ин бора рӯзи 29 сентябр Телеграм-канали «Тула.Экстремизм» хабар дод.

Бино ба иттилои ин манбаъ,  ҷавони тоҷик дар пойтахти корхонаҳои силоҳсоҳии Русия дар ягонҷо кор намекард ва азбаски «гумон дошт, ки  “бачаҳои бад” ҳамеша ба духтарҳо бештар хуш меоянд, Отабек ҳам роҳи романтикаи блатнойро пеш гирифта, саҳифаи худро дар шабакаи иҷтимоӣ ба минбари тарғиби идеологияи ифротии зиндониён А.У.Е. «Арестантское уголовное единство» (“Иттиҳоди ҷиноии зиндониён”) табдил додааст», – гуфта мешавад дар хабар.

Додгоҳи ноҳияи Пролетар ин мафоизи худхондаро дар тарғиби ифротгароӣ гунаҳкор шинохта, аввалин бор дар умраш ҷарима баст. Канали “Тула.Экстремизм”  бо ишора ба инки ин ҷавони тоҷикро метавонанд барои ифротгароӣ аз Русия ихроҷ ҳам кунанд, менависад, “агар Отабек ба чунин рафтораш давом диҳад, дар оянда маҷбур мешавад барои ба даст овардани дили духтарон дар Тоҷикистон мубориза барад.”

Ин аввалин мавриди дар Русия ба таблиғи АУЕ ( ҳаракати байналмилалии «Арестантское уголовное единство» (“Иттиҳоди ҷиноии зиндониён”), ки фаъолияташ дар Русия ҳамчун созмони ифротӣ манъ карда шудааст,  айбдор шудани зодагони Тоҷикистон нест.

Хадамоти матбуоти раёсати нақлиёти пулиси ҳавзаи федералии Қафқози шимолии Русия рӯзи 9 сентябр хабар дод, ки кормандони пулис дар фурудгоҳи Платови шаҳри Новочеркасск як шаҳрванди 21-солаи Тоҷикистонро, ки аз Хуҷанд омада буд, барои пӯшидани футболка бо рамзи як созмони ифротии дар Русия мамнӯъ дастгир кардаанд.

Ин ҷавони тоҷикро ба шуъбаи пулиси фурудгоҳи Платов бурда, нисбат ба ӯ бар асоси қисми якуми моддаи 20.3 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми “таблиғ ваё дар маҳзари ом намоиҳ додани рамзҳои фашистӣ ваё рамзҳои сохмонҳои ифротӣ, ё дигар рамзҳое, ки дар маҳзари ом намоиш додани онҳоро қонунҳои федералии Русия манъ кардаанд” протоколи маъмурӣ тартиб додаанд. Ба ин шаҳрванди Тоҷикистон бар асоси ин банди қонуни Русия ҳамчун ҷазо то 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таҳдид мекунад.

Пулис тафсилоти дигар надодааст, вале расонаҳои маҳаллӣ хабар доданд, ки дар футболкаи шаҳрванди Тоҷикистон рамзи АУЕ ( ҳаракати байналмилалии «Арестантское уголовное единство» (“Иттиҳоди ҷиноии зиндониён”), ки фаъолияташ дар Русия ҳамчун созмони ифротӣ манъ карда шудааст, кашида шуда буд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button