Хабарҳои кӯтоҳ

ҶАСАДИ ЯК ПИРАЗАНРО АЗ МАНЗИЛАШ ДАР ДУШАНБЕ ПАЙДО КАРДААНД

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 28 сентябр, соати 12:02 навбатдори шуъбаи дуюми корҳои дохилии  ноҳияи Сино ба навбатдори фаврии раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе  хабар дод, ки дари хонаи як сокини ноҳияи Сино-2, кучаи Зарафшон  М-11 бинои 5  ҳуҷраи 37   маҳкам шудааст ва соҳиби хона ба садоҳо посух намедиҳад.

Дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсат  ба ҷои ҳодиса сафарбар шуда, соати 12:57 дари хонаро кушоданд,  вале дар дохили хона ҷасади соҳибхона – пиразани ба тахмин 60-соларо, ки алакай ҷон дода буд, пайдо кардаанд.  Кормандони КҲФ ҷасади пиразанро барои ташхису таҳқиқи иллатҳои марги ӯ ба мақомоти дахлдор супурдаанд. Ҷузъиёти бештар дар бораи соҳиби хона дастрас нест.

КҲФ ҳамчунин хабар дод, ки кормандони раёсаташ дар Душанбе дари боз як хонаро дар кӯчаи Сино боз кардаанд. Дар дарун хона як тифли хурдсол танҳо банд монда буд.

Модари ҷавон ба коре берун рафтаву вақте баргаштааст, дари  худро баста дидааст ва дигар имкони вуруд наёфта, ба наҷотбахшон занг задааст.

Дар дохил писарчаи чорсолаи ӯ танҳо монда буд ва ӯ наметавонист мустақилона дарро ба рӯи модар боз кунад. Наҷотбахшон ба ҷойи ҳодиса расида, бо истифода аз таҷҳизоти махсус дарро боз карданд. Гуфта мешавад, кӯдак солим буд ва ба ёрии тиббӣ ниёз надошт.  

Аммо имдодгарон фурсатеро дар суҳбат бо модари тифл гузарониданд ва барояш фаҳмонданд, ки беназорату танҳо мондани тифл чӣ паёмадҳое дорад. Ба ин модари ҷавон қоидаҳои бехатарии танҳоии тифл дар хона ва парастории атфоли хурдсол барои ҳимоя аз ҳар гуна рухдоди фавқулодаро фаҳмонидаанд.

Дар 6 моҳи охир наҷотдиҳандагони КҲФ 96 дари бастаро боз карда, 35 нафарро аз хатари эҳтимолӣ наҷот додаанд. Дар 5 маврид аз даруни хонаҳои дарбаста ҷасадҳои соҳибони он хонаҳоро пайдо кардаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button