ВидеоИлму фанноварӣЧеҳраҳо

ХОНАНДАИ СИНФИ 8 АЗ ПАНҶАКЕНТ ТРАКТОРИ ҲАМАКОРА СОХТААСТ (ВИДЕО+33 АКС)

Санаҳои 22, 23 ва 24 – уми сентябри соли равон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд бо иштироки беш аз 300 нафар хонандагони дабистонҳо аз 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор гардид.

Дар ин ҷорабинӣ хонандаи синфи 8 -уми муассисаи давлатии литсейи шаҳри Панҷакент Ойматов Дилшодҷон Одилович трактори хурди сохтаашро ба намоиш гузошт. Маҳсули дасти ӯ ба баҳои баланди ҳайати комиссия ва ҳакамони озмун сазовор гардида, дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” ҷойи дуюмро соҳиб шуд.

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” тибқи Низомнома аз рӯйи ҳафт номинатсия: – математика (арифметика, алгебра, геометрия); – физика ва астрономия; – химия; – биология (ботаника, зоология, анатомия); – география; – технологияи иттилоотӣ; – ихтироъкорӣ ва навоварӣ ҷараён гирифт.

Ойматов Дилшодҷон Одилович 25 – уми январи соли 2007 дар деҳаи Кабудсанги (Кӯктош) ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дар оилаи деҳқон ба дунё омада ст.

Аз соли 2014 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 – и деҳаи Кабудсанг (Кӯктош) аз синфи якум то ҳафтум таҳсил карда, аз синфи ҳашт таҳсилашро дар муассисаи давлатии литсейи шаҳри Панҷакент давом дода истодааст.

Ӯ дар мактаб бо баҳои хубу аъло хонда, то имрӯз дар тамоми соҳаҳои фаъолияти хеш соҳиби даҳҳо ифтихорномаю сипосномаҳо гардидааст.

Дилшодҷон аз хурдӣ бештар ба техника шавқу рағбати зиёд дошт. Дар хонаашон мошинчаю велосипедҳоро мустақилона таъмир мекард. Вақте падараш дарк кард, ки ӯ ба сохтани ҳаргуна моделҳои автомобилҳо шавқ дорад, соли 2018 Дилшодҷонро ба маҳфили “Автомодел” – и муассисаи таҳсилоти иловагии №1 – и шаҳри Панҷакент овард.

Соли 2020 ӯ бо мақсади беҳтар намудани меҳнати пурзаҳмати кишоварзон дар саҳро, кам намудани қувваи корӣ ва зиёд намудани даромади иловагии деҳқонон ҳамроҳи устодаш Ҳайдаров Акрам – роҳбари маҳфили “Автомодел” – и муассисаи таҳсилоти иловагии №1 – и шаҳри Панҷакент ва дастгирии бевоситаи падараш аз нуқтаҳои оҳанфурӯшии шаҳр ва дигар нуқтаҳои фурӯши қисмҳои автомашинаҳо маводи заруриро ҷамъоварӣ ва харидорӣ намуда, дар муддати як сол трактори хурди ҳамакораи “Суғд”-ро сохт.

– Мардуми шарифи Тоҷикистон мардуми меҳнаткаш мебошад. Махсусан, деҳқонон гуфтаҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оиди “ягон порча замин аз мадди назар дур намонад…” – ро сармашқи кори худ ҳисобида, шабу рӯз дар саҳро, дар заминҳои наздиҳавлигӣ кору фаъолияти худро ба роҳ мондаанд. Ман, ки дар оилаи деҳқон ба воя расидаам, меҳнати пурзаҳмати бобоёну бибиён, падару модарон ва шикасту рехти онҳоро медидам. Барои оилаи мо 5 гектар замини корам ҷудо карда шудааст. Ҳамасола барои омода сохтани замини кишт, коридан ва ҷамъоварӣ намудани ҳосил хароҷоти хеле зиёд сарф карда мешавад, ки ин ба буҷаи оилавӣ зарар меорад. Аҳли хонаводаи мо ҳар сол дар давраи кишт ва ҷамъоварии ҳосил маблағҳои зиёде харҷ мекунад. Ин масъала маро ба андеша водор кард. Ният кардам, воситае ихтироъ намоям, ки ҳамаи корҳои кишоварзиро анҷом дода тавонад ва хароҷоти моро кам карда, ба мо фоидаи бештар оварад. Ҳамин тавр ин мини – трактор сохта шуд, – мегӯяд Дилшодҷон Ойматов.

Барои сохтани ин трактори хурди ҳамакора тақрибан 35 000 сомонӣ маблағ харҷ шудааст.

Дар трактори хурди ҳамакораи Суғд 14 намуд қисмҳои насбкунанда мавҷуд мебошад, ки ҳар яке дар алоҳидагӣ дар вақти зарурӣ насб карда шуда, барои иҷрои корҳои гуногунистифода бурда мешавад.

Трактори хурди ихтироъкардаи Дилшодҷон 14 намуди корҳои зеринро анҷом дода, дорои ҳамворкунак (дарозиаш 150 см); чизел барои кофтани замин (дарозиаш 120 см, бараш 40 см ва чуқурии лимехҳои он 40 см); сартиракгирак (бараш 50 см ва чуқуриаш 40 см); сихмола (дарозиаш 120 см ва бараш 100 см); ҷӯягирак (дарозиаш 120 см); фреза ё таҷҳизоти резакунӣ (дарозиаш 120 см); чимзанак (дарозиаш 30 см); молакунак барои шоли коридан (дарозиаш 200 см); плуг (дарозиаш 60 см); картошкаканак; кашонидани турба, стун ва болорҳои вазнин; дору мезанад ба полезу дарахтҳо барои пешгирӣ аз ҳашаротҳои зараррасон ва инчунин ба кӯчаву тангкӯчаҳо барои пешгирӣ аз касалиҳои сирояткунанда; притсеп бор мекашонад, масалан меваю сабзавот, хок, қум, санг, шағал, пору ва  ғайра мебошад.

Ин трактори хурд ҳамчунин дорои бордон барои кашонидани 1 тонна бор буда, то 500 килограммро мебардорад. Вазифаи таҷҳизоти мазкур дар фосилаи кӯтоҳ ба кишт омода намудани киштзор мебошад.

Қисмҳои гуногуни минитрактор аз нақлиётҳо ва аз ҳар гуна оҳанпора васлу насб шудааст:

Муҳаррик – Lifan KP 460 E-R 18 A 20 л.с.;

Ноқилкутти (Коробка) – ВАЗ 2106;

Қуттии тақсимот (Раздатки) – Нива;

Тири меҳвари қафо (Задний мост) ВАЗ 2106;

Кардан ВАЗ 2106;

Диски УАЗ размер 16;

Чархи резини андозаи 7.50 L-16;

Чархбарак (Рулевой тяги) Волга 3110;

Курсии нишасти мулоими Волга 3110;

Қисми боздори (Тормозные диски) ВАЗ 2106;

Педали боздори ва педали муфта (Тормозные педали и муфта педали) ВАЗ 2106;

Гидрораспределитель 04Р40-1К16А GKZ1;

Гидроцилиндр ГЦ 40.25.160;

Гидроцилиндр ГЦ 40.25.250;

Гидроцилиндр ГЦ 40.25.360;

НШ 16 Г/М – 3Л (Гидросила) Левый.

Трактори хурди ҳамакораи Суғд бо харҷи ками сӯзишворӣ дар як соат 1,5 л бензини АИ 92 метавонад кори зиёд анҷом диҳад.

Дилшодҷон ният дорад, дар оянда алафдаравак ва мошин барои чидани ҳосил аз дарахтони мевадиҳандаро ихтироъ кунад.

Умед дорем, Дилшодҷон боз ҳам бештар ба корҳои созандагӣ, омӯзиши илму техника рӯй меоранд. Тафаккури эҷодии насли наврас бештар ташаккул меёбад.

Айни ҳол, Дилшодҷон мехоҳад дар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ширкат варзида, ғолибиятро ба даст орад.

Соли 2021 Дилшодҷон бо трактори хурди ҳамакораи Суғд дар бахши аграрии озмуни шаҳрии “Олимпиадаи техникони наврас” иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал гардида аст ва ба даври вилоятӣ роххат гирифта буд.

Санаи 22.04.2021 дар даври вилоятии озмун ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал ва дипломи дараҷаи якуми Раёсати маорифи вилояти Суғд гардид.

Санаи 14 – уми май соли 2021 Дилшодҷон дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Панҷакент ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал даври вилоятӣ роҳхат гирифта аст.

Санаи 22.05.2021 барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву фарњангӣ, саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо Сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сарфароз гардида аст.

Санаи 01.06.2021 барои ишғоли ҷои якум дар озмуни вилоятии “Ихтироъкори беҳтарин” бахшида ба Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон бо дипломи дараҷаи як мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва мукофоти роҳхати 10 рӯзаи Истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба номи “20 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардида аст.

Cанаи 21.09.2021 маросими қадршиносии ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” бо Дипломи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сарфароз гардида аст.

Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 – 2040 – ро “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф” эълон кардааст. Ҷиҳати татбиқи ин иқдом аз ҷониби ҳукумати мамлакат нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд.

Бо мақсади амалӣ сохтани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт, ҳамасола озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” баргузор мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” (минбаъд – озмун) таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ҳамасола баргузор карда мешавад.

Шервони Умриддин,

журналист

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button