ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

АЙБДОРКУНАНДА БАРОИ ИЗЗАТ АМОН 9 СОЛИ ЗИНДОН ТАЛАБ КАРДААСТ

Айбдоркунандаи давлатӣ Абдулмӯъмин Кабирзода додгоҳи Душанбе барои Иззат Амон, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик ҳамчун ҷазо 9 соли зиндон талаб кардааст. Ин намояндаи додситонии кул гуфтааст, ки  Иззат Амон ба қаллобӣ ба маблағи махсусан бузург муттаҳам мешавад. Дар ин бора Радиои Озодӣ аз қавли манбааш дар додгоҳи пойтахт хабар дод ва гуфт, ки талаби Кабирзода рӯзи 27 сентябр садо дода, баъди шунидани назари айбдоркунандаи давлатӣ судя ба хонаи машваратӣ рафтааст, то ҳукми ниҳоиро барорад.

Талаби 9 соли зиндон барои  Иззат Амон дар ҳолест, ки қаблан котиботи додгоҳи шаҳри Душанбе гуфта буд,  парвандаи Иззат Амонро бастанд ва барои афв пешниҳод кардаанд. Ба гуфтаи намояндаи котиботи додгоҳи Душанбе, қарзи Иззат Амон аз даъвогарон ба 1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 доллар баробар буд, ҳамаашро супориданд”. Ин имкон медиҳад, ки Иззат Амон мавриди афв қарор бигирад ва озод шавад.

Аммо барои шомил шудан ба афв бояд аввал ҳукми додгоҳ дар мавриди парвандаи ӯ эълон шавад. Билофосила ҳангоми эълони ҳукм додрас метавонад ӯро барои асоси қонуни афв озод кунад ваё қисмате аз ҳукмашро бар асоси афв кам кунад.

Ин ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик аз замони ба таври мармуз аз Маскав рабуда шуданаш дар таърихи 25 март, инак, ним сол боз дар боздоштгоҳи №1 дар Душанбе бо иттиҳоми бофатаи “қаллобӣ” дар ҳабс қарор дорад.

Пайвандони Иззат Амон чандин бор гуфтаанд, ки ҳарчанд иттиҳомоти эълонкардаи мақомотро сохта ва даъвоҳоро бардурӯғ мешуморанд, вале ба хотири зудтар озод шудани ӯ пардохтани тамоми ин пулҳои даъвоиро ба гардан гирифтаанд.

Аввалин шуда хабари эҳтимоли рӯзҳои наздик озод шудани Иззат Амонро рӯзи 22 сентябр пойгоҳи хабарии “Бомдод” бо нахустин акси ӯ дар боздошт нашр кард. Дар ин акс Иззат Амон дар яке аз ҳуҷраҳо дар бинои додгоҳи шаҳри Душанбе сабт шуда буд.

Иззат Амон рӯзи 25 марти соли ҷорӣ, ҳамагӣ чанд рӯз баъди лағви шаҳрвандии русиаш, ба таври мармуз аз Маскав ғайб зад ва ду рӯз баъд дар Душанбе “пайдо” шуд. ВКД Тоҷикистон эълон кард, ки Иззат Амон дар ин вазорат дар боздошт қарор дорад ва ба зиддаш дар УБОП бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Иззат Амон 20 апрели соли 1973 дар деҳаи Зафар (маъруф ба Горбаня)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебурд ва ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик машғул буд. Ӯ дар баҳори соли 2020 Маркази тоҷикони Маскавро таъсис дод ва дар моҳҳои аввали пандемия як маъракаи густардаи кумак ба муҳоҷирони бекормондаи тоҷикро ба роҳ андохт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button