ВидеоНомаҳо ба президент

СУҲБАТИ ШИРИНИ ХОЛАИ ФОТИМА БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ЛАҲҶАИ ШИРИНИ ДАРВОЗӢ (ВИДЕО)

Видеои суҳбати ширини як зани дарвозӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 27 сентябр дар Интернет паҳн шуд, таваҷҷуҳи ҳазорон нафарро ба худ ҷалб кардааст.  Ин зан, ки Фотима Сулаймонова ном ва 65 сол доштааст, бо лаҳҷаи ширини дарвозӣ впрезидентро ба ноҳияи Дарвоз хушомадед гуфт ва аз ӯ ситоиш кард, ки “гуфта будӣ, Дарвозро ба дарвозаи тиллоии Бадахшон табдил медиҳам. Дар ҳақиқат, ин корро кардӣ!”

Фотима Сулаймонова  дар ин суҳбати пур аз шӯхию зарофатҳои мардумиаш ба президент нақл кард, ки ӯву дугоникиаш Зуҳро дар вақташ таҳсили хуб доштанд ва китоби зиёде ҳам хонда буданд, вале азбаски духтарони кӯҳистон шароити ба хондан рафтан надоштанд, ҳамаи хондани онҳо ҳам беҳуда шуд. “Ҳоло квотаҳои президентӣ барои таҳсили духтарони кӯҳистонро мебинему ба дилам мегӯям, ки чум, Зуҳроро ба хондан бифиристам?”– гуфт холаи Фотима.

Ӯ ҳамчунин нақл кард, ки бо вуҷудди синнаш, ки ба 65 расидааст, илҳомаш омаду дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки озмуни беҳтарин китобхонҳост, иштирок кард. Холаи Фотима гуфт, аз озмуни ноҳиявӣ алакай гузаштааст, “вале ун тараф дар озмуни вилоятиву ҷумҳуриявӣ чӣ мешавад, Худо худаш медонад.”

Холаи Фотима дар охир аз президент, ки ба суханони ӯ “аҳсан!” мегуфту ба шӯхиҳояш механдид,  хост, то ҳамроҳ акс бигиранд. Президент розӣ шуд.

-Биём? – пурсид бори дигар холаи Фотима ва вақте президент боз ҳа гуфт, ба минбар ба пеши президент рафт ва ӯро ба оғӯш кашид. Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон чанд акси муштараки Фотима Сулаймонова бо Эмомалӣ Раҳмонро нашр кардааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханронии холаи Фотима хеле ба ваҷд омада буд, гуфт, вазни 5 дақиқа суханронии холаи Фотима баробари ним соат суханронии худи ӯ буд. Ӯ гуфт, ҳатман бисёре аз аъзои ҳайъати ҳукумат, ки ҳамроҳи ӯ аз Душанбе омадаанд, бисёре аз суҳбатҳои холаи Фотимаро нафаҳмиданд.

Эмомалӣ Раҳмон лаҳҷаи Дарвозро “бениҳоят забони шевои ширини тоҷикӣ” номид ва гуфт, “холаи Фотима бо ҳамин лаҳҷаи шевою ширин суҳбат кард. Баъди чунин суханон чӣ хел дӯст намедорӣ ин хел мардумро? Чӣ хел дӯст намедорӣ ин миллатро? Дигаронро намедонам, вале дар ин лаҳзаҳо ҳама вазниниҳои дунё аз сари ман дур шуд, бениҳоят сабук шудам.”

Эмомалӣ Раҳмон аз 27 сентябр бо як сафари корӣ дар Бадахшон қарор дорад. Ӯ дар рӯзи аввалаш аз ноҳияи Дарвоз боздид карда, 28 сентбр вориди ноҳияи Роштқалъа шуд.

Мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Дарвоз ва Ванҷ   27.09.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button