ВидеоМуҳоҷиронЧеҳраҳо

РОҲБАРИ ТОҶИКОНИ НИЖНИЙ НОВГОРОД МУТРИБШО МИРЗОЕВ АЗ ОЛАМ ЧАШМ ПӮШИД

Роҳбари “Умед”, ҷамъияти тоҷикони вилояти Нижний Новгороди Русия Мутрибшо Мирзоев дар синни 61 вафот кард. Дар ин бора вазорати сиёсати дохилии минтақавӣ ва мунитсипалии вилояти Нижний Новгород бо ирсоли як барқияи ҳамдардӣ хабар дод. Дар барқия гуфта мешавад, ки “мавқеи фаъоли Мутрибшо Юсуфшоевич дар зиндагӣ, маҳорати дар атрофи худ ҷамъ овардани ҳамфикрон ӯро дар назари ҳамаи онҳое, ки бо ӯ ҳамкорие доштанд, муҳтарам гардонда буд. Омода буд, ба ҳар нафари муҳтоҷи кумак дасти ёрии худро дароз кунад.”

Шаҳрдори Нижний Новгород Юрий Шалабаев низ раҳбари фақиди ҷамъияти тоҷиконро як инсони бозу дилкушоде номид, ки ҳамеша барои кумак ба дигарон талош мекард.

Шаҳрдори Дзержинск Иван Носков Мутрибшо Мирзоевро дар як марсияи муфассал дар Инстаграм дӯсти наздики худ ва Инсон бо ҳарфи бузург номид ва аз он ёдовар шуд, ки ӯ дар давраи пандемия ба чӣ қадар мардум кумак расонд. “Номи созмони ӯ “Умед аст” ва Мутрибшо Юсуфшоевич дар ҳақиқат инсоне буд, ки ба мардум умед ва ба қалбҳо гармӣ медод. Ӯ як дӯсти хайхоҳ ва кумакрасони ятимхонаи Дзержинск буд, дар ҳама ташаббусҳо фаъолона ба як по рост меистод. Ман мутмаинам, ки ӯ дар ёди чӣ хурду чӣ бузург ҳамчун як инсони нек боқӣ мемонад. Он оши палаве, ки ӯ  бо ин қадар муҳаббат мепухту ҳамаро зиёфат медод, низ касе фаромӯш намекунад. Дар умум,  Мутрибшо Юсуфшоевич  аз кумак ба касе сарпечӣ намекард, ӯ не гуфта наметавонист…” – навиштааст шаҳрдори Дзержинск.

Мутрибшо Мирзоев 15 сентябри соли 1960 дар Тоҷикистон ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба хидмати ҳарбӣ даъват шуд ва хидматро дар шаҳри Кстови вилояти Горкий (ҳоло Нижний Новгород) адо кард. Баъди хатми хидмат Мутрибшо Мирзоев дар Горкий монд ва дар омӯзишгоҳи касбию фанниии №20 касби харротиро омӯхта, дар корхонаи авиатсионии ба номи Сергно Орҷоникидзе ба кор даромад. Ӯ дар инҷо аз харроти оддӣ то ба мақоми устои коргоҳи механикӣ расида, ҳамзамон техникуми авиатсиониро бо ихтисоси “ҳавопаймосозӣ” хатм кард.

Мутрибшо Мирзоев соли 1993 корро дар корхонаи авиатсионӣ бас карда, ба тиҷорат гузашт ва ба яке аз соҳибкорони муваффақ табдил ёфт. Бо шарофати маҳорати раҳбарӣ, заҳматдӯстӣ ва сиришти некаш ӯ ба мақоми роҳбари ҷамъияти тоҷикон ва узви гуруҳи кории Шӯрои машваратии шаҳрдории Нижний Новогорд расид.

Маросими видоъ ва намози ҷанозаи Мутрибшо Мирзо дар масҷиди Нижний Новгород (кӯчаи Ижевская, 40) баргузор мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button