АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

МАРЗБОНИ ӮЗБЕК ДАР САРҲАДДИ АФҒОНИСТОН КУШТА ШУД

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 27 сентябр дар мулоқот бо интихобкунандагон дар вилояти Намангон хабар дод, ки рӯзи 26 сентябр як марзбони ӯзбек – зодаи Намангон дар марз бо Афғонистон ҳангоми пешгирӣ аз кӯшиши убури ғайриқонунии марз кушта шудааст.

Як наркобарон мехост аз сарҳад гузарад. Мавқеи мо дар масъалаи дахлнопазирии марзу буми кишвар қотеона аст ва барои ҳимояти марз мо тайёрем даст ба силоҳ барем. Дирӯз як сарбози мо ҳангоми иҷрои вазифаи хидматиаш қаҳрамонона ба ҳалокат расид. Ӯ фарзанди Намангон буд” “, – гуфтааст Мирзиёев.

Мирзиёев, бино ба иттилои Telegram-канали маҳаллии  “Нигох”  ҳамчунин гуфтааст, “вазъияти Афғонистон бояд барои ҳамаи мо сабақ шавад.”

Ин нахустин ҳолати задухӯрди мусаллаҳона ва кушта шудани марзбонҳо дар марзҳои Афғонистон бо давлатҳои Осиёи Миёна баъди дар тобистони соли ҷорӣ таҳти назорати ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави дар бисёр кишварҳо мамнӯи Толибон гузаштани марзҳои Афғонистон  аст

Толибон, ки моҳи август аксари қаламрави  Афғонистонро ҳам тасарруф кард,  кишварҳои ҳамсояро итминон дод, ки тавони таъмини амният ва тартибот дар марзҳоро дорад ва ягон кишвар нигарони таҳдиде ба амнияташ аз қаламрави Афғонистон набошад.

Толибон ҳамчунин ваъда додааст, ки маводи мухаддирро решакан хоҳад кард. Афғонистон дар ҳоли ҳозир тавлидкунанда ва қочоқкунандаи асосии маводи мухаддири  “афғонӣ”, яъне афюну ҳашиш ва ҳероин ба бозорҳои сиёҳи дунёст. Як қисми ин маводи мухаддири тавлиди Афғонистон аз тариқи кишварҳои бо Афғонистон ҳаммарзи Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Туркманистон қочоқ мешавад.

Ҳалокати марзбони ӯзбек дар задухӯрди мусаллаҳона дар марз бо Афғонистон дар ҳолест, ки ба ҷуз аз Тоҷикистон, ки нисбат ба Толибон мавқеи шадидан мухолиф гирифтааст, боқӣ кишварҳои минтақа, аз ҷумла Ӯзбекистон, роҳҳои тамос бо маъмурияти наве бар Афғонистон нишондаи Толибонро меҷӯянд.

Шавкат Мирзиёев чанде пеш гуфт, ки мақомоти Ӯзбекистон ду сол боз бо намояндагони Толибон дар тамос буданд. Рӯзи 14 сентябр Ӯзбекистон ба Афғонистон 1300 тонна ёрии башарӣ фиристод, ки ба дасти мақомоти таъйинкардаи Толибон супурда шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button