АфғонистонВидеоСиёсат

ЭЪЛОМИЯИ РАСМИИ ҶИА: ДАВЛАТИ ҚОНУНИИ АФҒОНИСТОН МОЕМ, НА ТОЛИБОН!

Амруллоҳ Солеҳ, ки баъди фирори Ашраф Ғанӣ худро сарпарасти мақоми президенти Ҷумҳурии исломии Афғонистон эълон кардааст, рӯзи 28 сентябр эъломияеро иборат аз 18 банд аз номи давлаташ нашр кард. Дар ин эъломи ҳаққи қонунии Солеҳ ба мақоми раёсат таъйид шуда, давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистон ягона марҷаъи машрӯъи низоми сиёсии  ин кишвар эълон ва ҳукми Толибон бар Афғонистон ботил хонда шудааст.

Дар эъломия гуфта шудааст, ки ба зудтарин фурсат Шӯрои олии давлат бо иштироки бузургон ва сиёсиюни кишвар ташкил мегардад то умури мамлакатро дар ҳамоҳангӣ бо аъзои ҳукумат ва парлумон истиқомат диҳад.

Дар эъломия аз ҳамаи кишварҳо хоста шудааст, ки муносибатҳояшонро бао Ҷумҳурии исломии Афғонистон ҳифз намуда, аз ҳар гуна машрӯъият бахшидан ба гурӯҳи “Толибон”, ки ба гунаи ниёбатӣ, хушунатбор, золимона ва ғайримашрӯъ сарзамини Афғонистонро ишғол намудаанд, худдорӣ намоянд. Ҳамчунин аз Созмони милали муттаҳид ва Шӯрои амнияти он созмон, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тақозо мешавад, то бар ҳомиёни гурӯҳи “Толибон” барои поёни ишғоли ғайриқонунии ин гурӯҳ фишор ворид намоянд ва ин гуруҳро ба идомаи раванди сулҳ дар Афғонистон баргардонанд.

Муаллифони эъломия таъкид кардаанд, ки то замони ба раванди сулҳ баргаштани Толибон ва аз ғасби қудрат даст бардоштани ин гуруҳ, Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз муқовимати миллӣ ба зидди онҳо пуштибонӣ хоҳад кард. Дар эъломия муқовимат ба зидди Толибон муқовимати барҳақ номида шудааст.

Амруллоҳ Солеҳ, ки дар замони президентии Ашраф Ғанӣ муовини аввали ӯ буд, баъди фирори Ашраф Ғанӣ дар таърихи 15 августи соли ҷорӣ ва Кобулро ба Толибон супурдани ҳукумати вай, худро сарпарасти мақоми раисиҷумҳур эълон кард.

Солеҳ баъди тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон ба зодгоҳаш, дараи Панҷшер паноҳ бурда, ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд пайваст. Ду ҳафта пеш хабар омад, ки Амруллоҳ Солеҳ ба Тоҷикистон рафтааст ва рӯзи 19 сентябр бо чанде дигар аз намояндагони муқовимат бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вохӯрдааст.

Сафорати Афғонистон дар Душанбе бо табдили акси Ашраф Ғанӣ ба акси Солеҳ эълон кард, ки Солеҳро ба ҳайси сарпарасти мақоми раисиҷумҳур мешиносад.

Эъломияи Давлати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон

Ҳамватанони гиромӣ, кишварҳои дӯст ва ҳама озодихоҳони ҷаҳон!

Давлати Ҷумҳурии исломии Афғонистон (ҶИА) пас аз ишғоли кишвар тавассути уммоли бегона, бо дарки масъулияти таърихӣ баъд аз машвара ва ройзанӣ бо бузургон, сиёсиюн ва ақшори мухталифи ҷомеа оме аз занон ва мардон ба тасомими зайл даст ёфтааст:

1. Давлати ҶИА ягона марҷаъи машрӯъи низоми сиёсии Афғонистон буда, ки мубтанӣ бар интихобот ва орои мардум ташкил гардидааст. Ҳеҷ низом ва ҳокимияти дигаре наметавонад бар хилофи моддаҳои Қонуни Асосӣ ҷойгузини низоми мавҷуда гардад.

2. Бо берун шудани раисҷумҳур аз кишвар ва дурӣ гузидан аз сиёсату идораи кишвар, мутобиқ ба сароҳати Қонуни Асосӣ ило баргузории интихобот муовини аввали раёсатиҷумҳурӣ ба ҳайси сарпарасти давлат ифои вазифа намуда, умури марбутро ба пеш хоҳанд бурд.

3. Дар сурате, ки муовини аввал омодаи пешбурд умур набошад, ба тартиб муовини дувум, раиси сано ва вазири хориҷа ба ҳайси сарпараст муаррифӣ хоҳанд шуд.

4. Аркони салосаи давлат дубора инсиҷом ёфта, ҷаласоти марбутро доир намуда, тасомим лозимро иттихоз менамояд ва омодагии баргашт ба кишварро хоҳанд гирифт.

5. Шӯрои олии давлат ба зудтарин фурсат бо иштироки бузургон ва сиёсиюни кишвар ташкил мегардад то умури мамлакатро дар ҳамоҳангӣ бо аъзои ҳукумат ва парлумон истиқомат диҳад.

6. Давлати ҶИА ва Шӯрои олии давлат ба риояти Қонуни Асосӣ, муоҳидот, мисоқҳо ва тамоми конвенсиюнҳои байнулмилалӣ, ки Афғонистон ба он мулҳақ гардида, побанд буда, таҳти парчами серанги кишвар аз тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Афғонистон зери чатри ҶИА дифоъ менамояд.

7. Давлати ҶИА аз тамоми кишварҳои дӯст ва мутаҳоба тақозо менамояд, то муровидоти худро камофилсобиқ бо ҶИА ҳифз намуда ва аз ҳар гуна машрӯъият бахшидан ба гурӯҳи “Толибон”, ки ба гунаи ниёбатӣ, хушунатбор, золимона ва ғайримашрӯъ сарзамини Афғонистонро ишғол намудаанд, худдорӣ намоянд.

8. Аз Созмони милали муттаҳид ва Шӯрои амнияти он созмон, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон тақозо дорем то бар ҳомиёни гурӯҳи “Толибон” барои поёни ишғоли ғайриқонунии ин гурӯҳ фишор ворид намоянд то аз тариқи гуфтугӯҳои созанда ва содиқона бо ҷониби ҶИА заминаи сулҳу суботи доимӣ дар кишвар фароҳам гардад.

9. Давлати ҶИА ба талошҳои худ барои дастёбӣ ба як роҳҳали сиёсии ҷомеъ, ки мунҷар ба поёни чанд даҳаи ҷанг ва таъмини сулҳи пойдор, одилона ва иззатманд шавад, ба унвони як авлавияти фаврии миллӣ идома хоҳад дод. Раванди сулҳ, ки аз сӯи Толибон нотамом гузошта шуда, бояд аз сар гирифта шавад, то ба як сулҳи доимӣ, ки бар мабнои он низоми мунтахаби мабнӣ бар иродаи миллат, ҳуқуқи башар, ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва мушорикати миллӣ шакл гирад, даст ёбем. Дар сурате, ки “Толибон” ҳозир ба прусаи сулҳ набошанд, ҷомеаи байнулмилалӣ фишори лозимро бар “Толибон” ворид намоянд ва Ҷумҳурии исломии Афғонистон аз он ҳимоят мекунад.

10. ҶИА аз муқовамати миллӣ ва барҳаққи мардуми Афғонистон аланан ҳимоят менамояд. Дар сурати бунбасти музокироти сулҳ аз тамоми мардуми Афғонистон тақозо дорем то бо Ҷабҳаи муқовамат пайваста ва алайҳи ишғол ило озодии комили кишвар аз дасти уммоли бегона ба муборизоти худ идома диҳанд.

Агар “Толибон” ба хости мардуми Афғонистон ва ҷомиаи байнулмилалӣ барои сулҳи пойдор, риояти ҳуқуқи башар, таъмини ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва мубориза бо терроризм посухи мусбат надиҳанд, давлати ҶИА бо иродаи комил ва ваҳдати миллӣ ба ҳимояти худ аз муқовимати миллии мардуми Афғонистон идома хоҳад дод.

11. ҶИА аз тамоми аъзои аршади ҳукумат ва Шӯрои миллӣ тақозо дорад то даври ҳам ҷамъ шуда, фаъолиятҳои идорӣ ва сиёсии худро аз сар гиранд. Макон ва маҳалли фаъолияти ҳукумат ва Шӯрои миллӣ ба зудӣ аз тариқ Шӯрои олии давлат ва меҳвари муқовамат эълом мегардад.

12. Неруҳои амниятӣ ва дифоъии кишвар, ки умдатан дар ҳоли бесарнавиштӣ ба сар мебаранд, ба зудӣ фаро хонда мешаванд ва ба тамоми мушколтшон расидагии лозим сурат хоҳад гирифт.

13. Сармояҳои миллӣ ва шахсии мардум, ки ба яғмо рафтааст, мавриди арзёбӣ қарор гирифта ва ба ҳамкории ҷомеаи байнулмилалӣ ба иъода ва баргардонидани онҳо иқдомоти лозим сурат хоҳад гирифт.

14. Ҳама намояндагиҳои сиёсӣ ва генералконсулгариҳои ҶИА умуроти кории хешро ҷиҳати пешбурди манофеъи миллии кишвар ва истеҳкоми ҳарчӣ бештари равобити кишвар бо ҷомиаи байнулмилалӣ камофиалсобиқ ба пеш мебаранд.

15. ҶИА бо ташкил ва ҳифзи иҷмои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ Афғонистонро ба конуни ҳамкориҳои минтақаӣ ва байнулмилалӣ бар асоси манофеъи муштарак ва чандҷониба мубаддал сохта ва намегузорад кишвар як бори дигар ба майдони рақобатҳо ва ҷангҳои ниёбатӣ мубаддал гардад.

16. ҶИА зимни сипосгузорӣ аз мавзеъгирии воҳид аъзои доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои минтақа алайҳи ишғоли гурӯҳи ниёбатӣ, муҷаддадан хоҳони фишори бештар болои “Толибон” ва ҳомиёни минтақаии ин гурӯҳ мебошад то заминаи сулҳу суботи доимӣ дар кишвар мусоид гардад.

17. ҶИА як бори дигар аз тамомии кишварҳое, ки дар берун сохтани афрод ва хонаводаҳои осебпазир кӯмак карданд, изҳори сипосу қадрдонӣ менамояд.

18. ҶИА барои ҳимоят аз оворагони дохилӣ ва хориҷӣ, ки бар асари ишғоли “Толибон” бесарпаноҳ шудаанд, таъкид намуда, аз тамоми кишварҳои ҷаҳон тақозои кӯмак ва ҳамкорӣ дорад.

Аз тарафи раҳбарии давлат, раҳбарони ва шахсиятҳои сиёсии Ҷумҳурии исломии Афғонистон

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button