ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

ЯК ТОҶИКРО БАРОБАРИ ОЗОД ШУДАНАШ АЗ МАҲБАС АЗ РУСИЯ ИХРОҶ КАРДАНД (ВИДЕО)

Як марди 37-солаи зодаи Тоҷикистонро, ки дар Русия бо ҷурми пуштибонӣ аз созмонҳои террористӣ маҳкум шуда буд, баробари озод шуданаш аз маҳбас аз Русия ихроҷ кардаанд. Пулиси вилояти Амур, ки ин марди тоҷикистонӣ дар яке аз маҳбасҳои ҳамин вилоят адои ҳукм мекард, гуфт, “баъди адои ҳукмаш  ин нафар ҳаққи қонунии истодан дар қаламрави Федератсияи Русияро надошт.”  Ин шаҳрванди Тоҷикистонро ҳамчунин баъди ихроҷ “ба сабаби таҳдидаш ба амният ва тартиботи ҷамъия тии Русия барои 30 соли оянда, яъне то соли 2051 аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум кардаанд.

Хадамоти матбуоти раёсати корҳои дохилии вилояти Амур хабар дод, ки кормандонаш як хориҷиро, ки бо ҷурми даст доштани дар ҷинояти марбут ба терроризм маҳкум шуда буд, аз қаламрави Русия ихроҷ кардаанд.

 «Шаҳрванди яке аз кишварҳои Осиёи Миёна, соли таваллудаш 1984, дар яке аз маҳбасҳои вилояти Амур барои ҷинояти дар қисми якуми моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия (мусоидат ба фаъолияти террористӣ) пешбинишуда адои ҳукм мекард. Дар соли 2017, ин мард, ки дар қаламрави Русия қарор дошт, ҳамчун пайрави ақидаҳои динии исломии ифрот, ақидаҳои ифротиро таблиғ карда, кӯшиш карда буд, то шаҳрвандони дигарро барои иштирок дар фаъолияти як созмони террористии байналмилалӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Сурияи Араб ҷалб кунад», – гуфта мешавад дар иттилоияи пулиси вилояти Амур.

Пулис аз кадом кишвар будани ин нафарро мушаххас накардааст, вале матбуоти маҳаллӣ аз қавли манобеи худ хабар дод, ки ӯ зодаи Тоҷикистон аст.

Барои депортатсия ин шаҳрванди Тоҷикистонро аз вилояти Амур дар Сибири ғарбӣ ба шаҳри Маскав оварда, савори ҳавопаймои роҳии Тоҷикистон кардаанд. Бар иловаи ихроҷ, ӯ ҳамчунин то соли 2051 аз ҳаққи бозгашт ба Русия маҳрум карда шудааст.

Дар солҳои охир мақомоти Русия  ҳамаи хориҷиёнеро, ки дар зиндонҳои ин кишвар адои ҳукм мекунанд, баъди озод шуданашон билофосила ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ мекунанд. Русия нафақат онҳоеро, ки бо ҷурми терроризму ифротгароӣ зиндонӣ шудаанд, балки хориҷиёни бо гуноҳҳои дигар маҳкумшударо низ депортатсия мекунад.

Бино ба омори ФСИН – Хадамоти федералии зиндонҳои Русия, то 1 январи соли 2021 дар зиндонҳои ин кишвар қариб 7 ҳазор зодаи Тоҷикистон адои ҳукм мекарданд ва тақрибан 1200 зодаи дигари Тоҷикистон таҳти тафтиш дар боздоштгоҳҳои Русия қарор доштанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button