ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ҲАЛОКАТИ 4 НАФАР ДАР ЯК САДАМАИ ПУРҚУРБОНӢ ДАР ДЕҲҚОНОБОД

Шаби 27 сентябр бар асари ду садама дар ҷануби Тоҷикистон 5 нафар ба ҳалокат расиданд.  Садамаи аз ҳама пурқурбонӣ соати якуними шаби 27 сентябр дар ҳудуди ҷамоати Деҳқонобод дар роҳи Бохтар – Қубодиён рух дод. Дар инҷо бар асари ба симчӯб бархӯрдану чаппа шудани як мошини тамғаи “Тойота-Ҳарриер” ронандаи ин мошин, сокини ноҳияи Дӯстӣ ва се мусофираш дар ҷои ҳодиса ҷон бохтанд. Соати панҷи субҳи 27 сентябр бар асари ба пойдеворӣ бархӯрдану чаппа шудани як мошини “Опел Астра” дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ як мусофири ин мошин ҳалок ва ронанда сахт маҷруҳ шудааст.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 27-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 01:30, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Ҳарриер», Сайвалиев Файзалӣ Сайвалиевич, соли таваллудаш 1978, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Қубодиён, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳқонобод, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, аз роҳи асосӣ ба қисмати рости роҳ баромада, ба симчӯби канори роҳ бархӯрда, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, мусофирони дохили автомашинаи мазкур: Давлатов Баҳромиддин Мамасобирович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Навзамин, Шерхонов Комрон Достиевич, соли таваллудаш 1996, Шарипов Дӯстмурод Тошмаматович, соли таваллудаш 1980, сокинони ҷамоати деҳоти Деҳқонобод ва худи ронандаи автомашинаи мазкур Сайвалиев Ф.С. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Субҳи барвақти 27 сентябр, тахминан соати 05:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Шоазизов Шарифбек Киромович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Дӯстӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Дӯстӣ, дар шоҳроҳи мошингарди “Душанбе-Панҷи поён”, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Балхӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба пойдевори бетонӣ бархӯрда, автомашинаро чаппа намудааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи мазкур ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, мусофири дохили автомашина, Ҳайдаров Амирҷон Ҷалолович, соли таваллудаш 1992, сокини ҳамин ноҳия, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистонто 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button