БОЗДОШТИ ЯК ҶАВОНЗАН БАРОИ ДУЗДИИ ГӮШВОРИ ТИЛЛО АЗ БОЗОРИ “КОРВОН”

Зани 36-солаи сокини ноҳияи Восеъ ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 20 сентябр, соати 13:30 бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи тилловории зани 34-солаи сокини пойтахт дар бозори “Корвон” як ҷуфт гӯшвори тиллоии арзишаш 5 ҳазор сомониро дуздидаааст.
хххххххххххххх
Марди 32-солаи сокини шаҳри Бӯстон ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 28 август аз сокини 40-солаи Бӯстон барои 3000 шиша равғани “Анко” 255 ҳазор сомонӣ ва аз сокини 33-солаи ноҳияи Мастчоҳ барои 1800 шиша равғани “Анко” 113 ҳаҳор сомонӣ гирифта, онҳоро фиреб додааст.
Аз навори хабарҳои рӯзи 28 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон
Дастгир гардидани зани 36-сола бо ҷурми дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза зани 34-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки рӯзи 20-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 13:30-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили мағозаи тилловориаш, воқеъ дар ҶДММ бозори «Корвон», 1-ҷуфт гушвори тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 5 ҳазор сомониро ташил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи сокини ноҳияи Восеъ бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бо роҳи фиреб гирифтани маблағҳои пулӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини шаҳри Бӯстон бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 28-уми августи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 40-солаи сокини ноҳияи зикргардида даромада, аз ӯ 255 ҳазор сомонӣ барои харидорӣ намудани 3000-адад равғани «Анко» гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, номбурда 28-уми августи соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ даромада, аз ӯ 113-ҳазор сомонӣ барои харидорӣ намудани 1800-адад равғани «Анко» гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.