ВидеоХабарҳои кӯтоҳҶомеа

АМАЛИЁТИ ШАРТИИ «КОРД»: МУСОДИРАИ 36 КОРДУ КАСТЕТ ВА ДУБИНКА ДАР ДУШАНБЕ

Маркази матбуоти РВКД шаҳри Душанбе хабар дод, ки аз 21 то 27 сентябр дар  кӯчаю хиёбонҳо ва маконҳои ҷамъиятии пойтахти Тоҷикистон марҳалаи навбатии амалиёти шартии “Корд” доир гардида, дар ҷараёни ин амалиёт 36 тан аз ҷавонону ноболиғон, ки худ корду кастет ва дигар намуд предметҳои ба сифати силоҳи сард истифодашаванда доштанд, боздошт шудаанд. РВКД гуфт, аз ин шумор 17 нафарашро ноболиғон ташкил медиҳанд.

  Аз онҳо дар маҷмӯъ 26 адад кордҳои гуногунтамға, 6 кастет ва 4 чӯбдаст (дубинка) ёфт ва мусодира карда шудааст. РВКД Душанбе аксҳои наврасони ҷавонони боздоштшударо бо силоҳҳои сард дар дастҳояшон низ сабт ва нашр кардааст.
 “Вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбати 6 нафар ҳабси маъмурӣ ба муҳлатҳои аз 7-то 10 шабонарӯзӣ, нисбати волидайни ноболиғон протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90-и КҲМ ҶТ, ва нисбати дигар бо қарорҳои суд ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ карда шудаанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи милитсияи Душанбе.

Амалиёти “Корд” дар пойтахти Тоҷикистон инак се сол боз идома дорад. Мақомоти милитсия мегӯянд,  дар натиҷаи ин амалиёт садҳо силоҳи сард мусодира гардида, ин имкон дод, ки ин ҳама силоҳҳо ба зидди ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон истифода нашаванд. Кам шудани занозаниҳои хунини байни ҷавонону наврасон бо истифода аз корду дигар навъҳои силоҳи сард дар шаҳри Душанберо як натиҷаи дигари ин амалиёт мешуморанд.
Бо ин вуҷуд, дар пайи натиҷагирии марҳалаи навбатии амалиёти “Корд”, роҳбарияти милитсияи Душанбе аз тамоми калонсолон, падару модарон, масъулини мақомоти масъули тарбияи ноболиғон ва омӯзгорон хостааст, “то назорат ва таълиму тарбияи фарзандони худро пурзӯр намуда, нагузоранд, то наврасону ноболиғон корду дигар намуд ашёи ба сифати силоҳи сард истифодашавандаро бо худ гардонида, даст ба амалу кирдори ношоиста зананд.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button