ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ЗАМИНҶУНБӢ ДАР САРЕЗ ВА ҲУШДОРИ КҲФ АЗ ХОКБОРИШ

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи 27 сентябр дар қаламрави ин кишвар заминларза рух додааст. Шиддати заминларза дар марказаш – 380-километрии ҷануб шарқи шаҳри Душанбе ва 45-километрии шарқи кӯли Сарез тибқи ҷадвали Рихтер 5 баллро ташкил дода, замин дар Мурғоб бо шиддати 3 балл ва дар Хоруғ 2 балл ларзидааст. Дар бораи кадом хисороте бар асари ин офати табиӣ то ҳол гузориш нашудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳамчунин бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ хабар дод, ки то 29 сентябр дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ ва қисмати ғарбии ВМКБ хокбод дар назар дошта шудааст.

Ҳамчунин КҲФ ёдовар мешавад, ки дар қисмати ғарбии ВМКБ, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии тобеъи марказ ва вилояти Суғд бар асари об шудани пиряхҳо омадани селҳо аз эҳтимол дур нест.    

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳгардӣ ёдовар мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳу пайроҳаҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро  риоя намоянд, бахусус фосилаи байни мошинҳо ҷиддан бояд риоя шаванд, зеро эҳтимоли сангрезиш ва ё омадани селҳо зиёд аст.

Бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои доимӣ КҲФ аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ба гирифторони касалиҳои рагу дил, қанд ва гипертония бештар диққат диҳанд.

Дар сурати рух додани ягон ҳодисаи фавқулода бо шумори телефонҳои 112 ва ё ба Қисми навбатдории КҲФ:  223 13 11, 93 880 28 19 занг занед.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button