ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ТОҶИКИСТОН СОКИНИ ЛАЙЛАКРО ОЗОД КАРД. МУСОДИРАИ 7 ХАЛТА ЛИБОСИ ҚОЧОҚӢ

Рӯзи 27 сентябр дар натиҷаи музокироти роҳбарони вилояти Бодканди Қирғизистон ва вилояти Суғди Тоҷиктстон шаҳрванди Қирғизистон Уразбек Мирзоев, ки як рӯз қабл аз сӯи марзбонҳои тоҷик дастгир шуда буд, ба ҷониби қирғиз дода шуд. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, ин сокини деҳаи Жаштиқи ноҳияи Лайлак, с.т. 1995, аз тариқи гузаргоҳи Қулунда баргаштааст.

Ӯ рӯзи 26 сентябр дар роҳи Хуҷанд Конибодом вақте дастгир шуд, ки ҳамроҳи ҳамсараш дар як маршруткаи Тоҷикистон ба деҳаи Жиғдалиқи Тоҷикистон ба меҳмонӣ мерафт. Дар бораи боздошт шудани Уразбек Мирзоев ҳамсараш ба мақомоти Қирғизистон хабар дод.

Бино ба хабари дигар, марзбонони қирғиз рӯзи 27 сентябр дар деҳаи Чоногласно другому сообщению пресс-службы Погранслужба ГКНБ КР, пограничники Баткенск –Талааи ноҳияи Бодканд шаҳрванди Қирғизистон А.С. с.т. 1985-ро ҳангоми қочоқи 7 халта либос аз Тоҷикистон дастгир кардаанд. Бино ба ҳисобҳои муқаддамотӣ, арзиши молҳои мусодирашуда 300 ҳазор сомонӣ, чизе бештар аз 2500 долларо ташкил медиҳад.

Ин молҳои мусодирашуда барои тафтиш ба мақомот супурда шудааст.

Ёдовар мешавем, Қирғизистон аз 21 май, дар пайи муноқишаи хунини поёни моҳи апрел марзҳояшро бо Тоҷикистон баст. Дар он муноқиша, ки хунинтарин низоъ дар таърихи низоъҳои марзии тамоми Осиёи Миёна ба шумор меравад, аз ҳарду тараф 55 нафар кушта ва 240 нафар захмӣ шуданд. Ҳарду тараф якдигарро дар сар задани муноқиша айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button