АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ТОҶИКИСТОН ТАНҲО МОНД: САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН НИЗ БО ВАЗИРИ ХОРИҶАИ ТОЛИБОН МУЛОҚОТ КАРД

Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон дар сомонаи расмиаш хабар дод, ки сафири ин кишвар дар Кобул Алимхон Есенгелдиев бо и.в. вазири корҳои хориҷии Афғонистон Амирхон Муттақӣ масъалаи расондани кумакҳои ғизоӣ ва дигар ёриҳои башариро баррасӣ кардааст.

Тибқи хабари расмӣ, «роҳбари идораи сиёсати хориҷии Афғонистон ба ҷониби Қазоқистон барои омодагиаш ба ироаи кумакҳои мушаххас ба аҳолии Афғонистон дар ин давраи мураккаби гузариш изҳори сипос кард.”

Муттақӣ гуфтааст, мақомоти нав дар Кобул омодагии худ ба истиқрори муносибатҳои сулҳомез бо ҳамаи кишварҳо ва пеш аз ҳама бо ҳамсояҳои худ ва кишварҳои минтақа ва ҳамчунин ба пешгирӣ аз ҳар навъ таҳдид ба амнияти онҳо аз қаламрави Афғонистонро таъйид мекунанд.

 «Таъкид шуд, ки сиёсати хориҷии Қазоқистон дар умум ва минҷумла дар қиболи Афғонистон шоистаи эҳтиром аст», – гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати хориҷаи Қазоқистон.

Ёдовар мешавем, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев рӯзи 17 сентябр дар нишасти сарони Созмони Шанхай дар Душанбе вазъи Афғонистонро “наздик ба фалокати башарӣ” номида гуфт, ҳоло муҳим баҳо додан ба ин вазъ нест, балки бояд даст ба иқдомҳои мушаххас зад. Тоқаев хостори ташкили “пули кумакҳои башарӣ ба мардуми Афғонистон” шуд ва билофосила шаҳри АлмаАторо ба ҳайси маркази минтақавии ҷамъоварӣ ва ирсоли ин ёриҳо пешниҳод кард.

Қазоқистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ нест, дунболи тамосҳои расмӣ бо маъмурияти дастнишондаи Толибон дар Афғонистон шудааст. Ба ғайр аз Тоҷикистон, 4 кишвари дигари боқимондаи Осиёи Марказӣ ба таври фаъолона ва аз ҷумла тавассути ироаи кумакҳои башарӣ роҳҳои тамос  бо Толибонро меҷӯянд.

Ҳафтаи гузашта  – рӯзи 23 сентябр бо Муттақӣ дар Кобул муовини раиси Шӯрои амнияти Қирғизистон Талъатбек Масодиқов  ва сардори шӯъбаи сиёсати берунаи дастгоҳи президенти Қирғизистон Жээнбек Қулубоев низ мулоқот карданд. Онҳо бо як бастаи ёриҳои башарӣ ба Кобул рафта буданд. Сухангӯи “аморати исломӣ” Забеҳуллоҳ Муҷоҳид хабар дод, ки “дар ҷараёни мулоқот Муттақӣ-соҳиб  меҳмононро истиқбол  кард ва барои кумакашон изҳори сипос кард.”

Қарори маълум, президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар нишастҳои ахир дар Душанбе ба “зарурати муколама бо намояндагони ҳукумати нави Афғонистон” таъкид карда буд.

Кыргызские дипломаты на встрече с Муттаки

Қаблан Ӯзбекистон гуфта буд, ки тақрибан ду сол боз бо намояндагони Толибон тамосҳо дошт. Тошканд рӯзи 14 сентябр ҳамчунин хабар дод, ки бори аввал баъди ба дасти Толибон гузаштани қудрат дар Афғонистон ба он кишвар ҳудуди 1300 тонна кумаки башарӣ фиристодааст.

Консулҳои Туркманистон бошад ҳанӯз 18 август, ҳамагӣ чанд рӯз баъди тасарруфи Афғонистон аз сӯи ҷангҷӯёни Толибон  бо волиёни аз сӯи ин гуруҳи тундрав таъйиншудаи вилоятҳои Балху Ҳирот мулоқот карда буданд. Вазорати хориҷаи Туркманистон нашри аксҳо аз ин мулоқотҳо гуфт, “таъкид шуд, ки муносибатҳои байни мардумони ду кишвар табиати бародарона дошта, бар асоси асли дӯстию ҳусни ҳамҷаворӣ бино ёфтаанд.”

Консули Туркманистон дар мулоқот бо волии нави аз сӯи Толибон таъиншудаи Балх
Консули Туркманистон дар мулоқот бо волии нави аз сӯи Толибон таъиншудаи Ҳирот

Ба фарқ аз дигар роҳбарони минтақа, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ аз аввал нисбат ба Толибон мавқеи шадид гирифт ва гуфт, Душанбе ҳукуматеро, ки дар он ба намояндагони ақалиятҳои қавмии Афғонистон, бахусус ба тоҷикони он кишвар ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, эътироф нахоҳад кард. Ӯ гуфт, тоҷикҳо 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳукумат ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сурати ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии Аҳмади Масъуд ба зидди Толибон меҷангад, тарафдорӣ мекунад ва Покистон, ҳомии асосии Толибонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикҳои Афғонистон дар шаҳри Душанбе мутақоид кард. Президенти Тоҷикистон ҳамин тавр, Толибонро айбдор кард, ки Афғонистонро дубора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил дода истодаанд.

Чунин мавқеъгириҳои Душанбе роҳбарони Толибонро асабӣ кардааст. Ахиран Толибон эълон кард, ки даҳҳо ҳазор аскару афсари нирӯҳои вижаи “Лашкари Мансурии Аморати исломӣ” дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Тахор ҷобаҷо карда шуданд.

Ҳамчунин муовини раиси ҳукумати ташкилкардаи Толибон Мулло Абдулғанӣ Бародар дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Al-Jazeera Тоҷикистонро ба дахолат дар умури Толибон айбдор кард ва аз авоқиби он ҳушдор дод. “Тоҷикистон ба корҳои мо дахолат мекунад, вале ҳар амал аксуламале дорад “, – гуфтааст Мулло Бародар.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button