АфғонистонВидеоТоҷикистон

ПАРАДИ ҲАРБӢ ДАР ДАРВОЗ ДАР ПАЙИ ИСТИҚРОРИ “ЛАШКАРИ МАНСУРӢ” ДАР ОН СӮИ МАРЗ (30 АКС)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 сентябр сафари кориаш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз боздид аз ноҳияи Дарвоз ва иштирок дар чанд маросим, аз ҷумла маросими ифтитоҳи корхонаҳои “Карон пласт”, “Меваҳои Бадахшон”, “Таҷ-Эт”, бинои маркази адлия ва майдончаи варзишӣ, ба истифода додани як қисмати шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин аз деҳаи Ёгед то маркази ноҳияи Дарвоз ва гузоштани санги асоси сохтмони роҳи Дарвоз-дарвозаи Рӯшон иштирок кард.

Дар маркази ноҳияи Дарвоз, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир шудааст, бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон намоиши техникаи ҳарбӣ ва парад ё гузашти низомии нирӯҳои қӯшунҳои сарҳадӣ, қӯшунҳои хушкигарди вазорати мудофиа ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ баргузор шуд. Дар ин парад, бино ба гузориши хадамоти матбуоти президент 2 ҳазор аскару афсар ва 50 техникаи низомӣ иштирок кардааст.

Гузашти ҳарбӣ дар ноҳияи бо Афғонистон ҳаммарзи Дарвоз дар пасманзари тағйири вазъи ҳарбию сиёсӣ дар он сӯи Омӯ баргузор шуд.

Ҷангҷӯёни ҳаракати ифротии Толибон дар моҳи август дар байни ҳамагӣ 10 рӯз 33 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон, аз ҷумла пойтахт, шаҳри Кобулро ишғол карданд.

Душанбе султаи Толибонро қабул надорад ва аз Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, ки ба зидди Толибон меҷангад, пуштибонӣ мекунад. Дар Душанбе тарс доранд, ки мухолини мусаллаҳи ҳукумати кунунии Тоҷикистон акнун бо кумаки Толибон метавонанд дар шимоли Афғонистон ҷои по ва пойгоҳ пайдо кунанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор Толибонро айбдор кард, ки бар ваъдаҳои худ амал накард ва Афғонистонро дигарбора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил дода истодааст.

Дар посух Толибон Тоҷикистонро ба дахолат дар умури худ айбдор карда, гуфт, “ҳар амал аксуламале дорад.” Ин гуруҳи тундрав ахиран эълон кард, ки даҳҳо ҳазор аз нирӯҳои вижааш аз Лашкари Мансуриро дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Тахор ҷо ба ҷо кардааст.

Иштирок дар гузашти низомӣ дар ноҳияи Дарвоз   27.09.2021

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button