ВидеоМуҳоҷирон

МАРГИ ЯК ҶАВОНИ ТОҶИК ДАР МАРКАЗИ ДИЛХУШИИ “МЕГАПОЛИС” ДАР ЧЕЛЯБИНСК

Дар шаҳри Челябинск як мардикори тоҷик ҳангоми анҷоми корҳои сохтмонӣ дар маркази дилхушии “Мегаполис” ба ҳалокат расидааст. Нашрияи Znak.com хабар дод, ки ӯ дар қабати дуюми бино як деворро бояд аз байн мегирифт, вале девори хиштӣ ба болои сараш фурӯ рафтааст ва ҷавони тоҷик, ки ҳамагӣ 23 сол дошт, ҷон додааст.

Ин ҳодиса рӯзи шанбе, 25 сентябр рӯй додааст. Ҳоло қазияро кумитаи тафтишот таҳқиқ мекунад.

Дар рӯзҳои охир ин ягона мавриди марги фоҷиавии зодагони Тоҷикистон дар Русия нест.

Рӯзи якшанбеи гузашта, 19 сентябр дар деҳаи Троитса  дар ҳавзаи Вороновское дар Новая Москва ҷасадҳои ду марди зодаи Тоҷикистонро аз ҷои хобашон дар як вагон дар ҳудуди як ҳавлии хусусӣ пайдо карданд. Деҳаи Троится ягон 40 километр ҷанубтар аз шаҳри Маскав дар наздикии деҳаи Сахарово, макони Маркази муҳоҷирони Сахарово ҷойгир шудааст.

Пулис гуфт, муҳоҷирони фавтида яке 48 сол ва дуюмӣ ҳамагӣ 22 сол доштаанд.  Онҳо дар ин ҳавлӣ ба корҳои таъмиру тармим машғул будаанд.Сабаби марги муҳоҷирон ҳанӯз дақиқ карда нашудааст, вале бино ба фарзияи муқаддамотӣ, ин ҷо зоҳиран амали ҷиноӣ дида намешавад.

 Аз он пеш, субҳи барвақти 18 сентябр бар асари ба сутуни фонус бархӯрдани як мошин дар маркази шаҳри Новосибирск се шаҳрванди Тоҷикистон зинда ба зинда сӯхтанд.

Муҳоҷирати корӣ дар Русия як манбаи асосии таъмини зиндагии аксари хонаводаҳо дар Тоҷикистон боқӣ мемонад. Ҳар сол беш аз як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон барои таъмини рӯзгори худ ба Русия ба мардикорӣ мераванд. Ин тақрибан нисфи тамоми аҳолии қобили кори Тоҷикистон мебошад.

Ҳар сол дар Русия ба иллатҳои гуногун, аз ҷумла бар асари фалокатҳо дар ҷои кор, беш аз 1000 муҳоҷири тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯянд. Яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯзи муҳоҷират ҷони то се муҳоҷири тоҷикро мегирад…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button