АфғонистонВидеоТоҷикистон

ТОЛИБОН ДАҲҲО ҲАЗОР АЗ НИРӮҲОИ ВИЖААШРО БА МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ФИРИСТОД (4 АКС)

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ва муовини вазири иттилоот ва фарҳанги “аморати исломӣ”-е, ки ин гуруҳи тундрав дар Афғонистон эълон кардааст, рӯзи 25 сентябр дар саҳифааш дар Твиттер бо нашри 4 акс хабар дод, ки Толибон даҳҳо ҳазор аскару афсари нирӯҳои вижаашро дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Тахор мустақар кардааст.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид навишт, “даҳҳо ҳазор нафар аз нирӯҳои вижаи “Лашкари Мансурии Аморати исломӣ” дар Тахор бо ҳадафи рафъи таҳдидҳои амниятӣ ва дигар таҳдидҳои эҳтимолӣ ҷобаҷо карда шудаанд.”

Сухангӯи Толибон дар мавриди сабабҳои эъзоми чунин нирӯи зиёд ба Тахор ҷузъиёт надод. Вале эъзоми ин нирӯҳо дар пасманзари ихтилофи ҷиддии  байни режими Толибон ва мақомоти Тоҷикистон аст, ки режими нави Толибонро ошкоро қабул надоранд ва ҳамчунон ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд пуштибонӣ мекунанд.

Як коршиноси ҳарбии тоҷик, ки бо вазъи сиёсию ҳарбии Афғонистони имрӯза аз наздик ошност, вале ба шарти набурдани номаш бо пойгоҳи хабарии “Бомдод” суҳбат кард, режими Толибон зоҳиран метарсад, ки нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимат, ки ҳоло дар дараҳои кӯҳистонии Панҷшер сангар гирифтаанд, барои таъмини дастрасии худ ба кумакҳои берунае, ки ба онҳо Тоҷикистон ва кишварҳои дигари назарашон ба набарди ин Ҷабҳа ба зидди Толибон мусбат метавонанд бирасонанд, кӯшиш хоҳанд кард, то аз тариқи вилоятҳои бо Тоҷикистон ҳаммарзи Тахор ва Бадахшон барои худ то марзи Тоҷикистон коридор ё худ роҳрав бикушоянд.

Коршиноси тоҷик мутмаин аст, ки ҷангҷӯёни Толибон ба ҳамин далел бо эъзоми нирӯҳои вижа ба Тахор мехоҳанд ҳар навъ имкони аз хориҷ ба даст овардани кумакро барои нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимат бубанданд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор таъкид кард, ки тоҷикҳои Афғонистонро танҳо нахоҳад гузошт. Ӯ ҳамчунин аз ҷомиаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба мардуми Афғонистон, бахусус ба сокинони Панҷшер оҷилан кумак бирасонанд.

Ҷангҷӯёни Толибон дар аввали моҳи август дар байни ҳамагӣ 10 рӯз 33 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон, бо шумули пойтахт, шаҳри Кобулро ишғол карданд, вале инак беш аз як моҳ боз наметавонанд султаи худро болои вилояти Панҷшер, охирин вилояте, ки ба ин гуруҳи тундрав таслим нашуд, таҳмил кунанд. Ҷангҷӯёни Толибон тавонистанд қисмати водии Панҷшерро ишғол кунанд, вале нирӯҳои муқовимат ба раҳбарии Аҳмади Масъуд дар дараҳои касногузари кӯҳистонии Панҷшер сангар гирифта, тавонистанд дар рӯзҳои охир ҷабҳаи ҷанги худ ба зидди Толибонро ба қаламравҳои берун аз Панҷшер низ тавсиа дода, се вулусволӣ дар минтақаи Андаробҳои вилояти ҳамсояи Бағлонро аз дасти толибҳо пас бигиранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button