ВидеоИқтисод

ТАРБУЗ – 30, ХАРБУЗА – ТО 70 С., ПАХТА – 80 ДИРАМ: НАРХИ НАВО ДАР ВОДИИ ВАХШ ЧӢ ГУНА АСТ?

Яке аз хонандагони пойгоҳи хабарии “Бомдод” ааз водии Вахш хабар дод, ки корхонаҳои пахта нархи хариди як килои пахтаро аз 7 сомонию 50 дирам то 10 сомонию 50 дирам боло бурдаанд. Корхонаҳое, ки ПК (ҳуҷҷати қабули пахта) медиҳанд, пахтаро як каме арзонтар: 10 сомонию 30 дирам мегирифтаанд.

Ҳамин тавр, сар аз чинаки сеюм хоҷагиҳо ва деҳқонон ба пахтачинҳо барои ҳар кило пахтаи чидаашон аз 70 то 80 дирам медиҳанд: хоҷагиҳои хурд 70 дирам, хоҷагиҳои калон 80 дирам. Дар ду чинаки аввал, ба гуфтаи ҳамсуҳбати “Бомдод”, нархи як кило пахта аз 50 то 60 дирам буд. Ӯ мегӯяд, имсол ҳосили пахта хеле хуб аст.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар пайи боло рафтани нархи пахта нархи равғани пахтаву кунҷора ҳам, ки аз пунбаи пахта истеҳсол мешаванд, боло рафтааст. Ҳоло дар ҷувозҳои равғанкашӣ ё худ маслобойкаҳои водии Вахш нархи як литр равған аз 20 сомонӣ то 28 сомонӣ афзоиш ёфта, як кило кунҷора ҳам аз 3 сомонӣ то 4 сомонию 50 дирам баланд рафтааст.

Аммо, мегӯяд ин сокини водии Вахш, нархи равғани пахтаи корхонаҳо бетағйир истодааст: бакляжкаи 5-литраашро 102 сомонӣ ва бо сатилча ҳамин миқдори равғани пахтаро 115 мефурӯшанд, чунки занҳо баъдан сатилчаро барои корҳои хоҷагӣ истифода мебаранд.

Рӯғани офтобпарасти аз ҳама қимат “Алёна” аст, ки 5 литраш 135 сомонист. Дигар навъҳои равғани офтобпараст 103 сомонӣ нарх доранд.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар водии Вахш ахиран нархияк қуттӣ  тухм (30 дона) то 20 сомонӣ фаромад, тухмҳои калонтараш 25 сомонӣ нарх доранд.

Ҳамин тавр, нархи газу бензин ҳудудан 1 сомонӣ арзонтар шуда, ҳоло газ 7 сомонию 70 дирам, бензин бошад аз 9 сомонию 80 дирам то 10 сомонию 20 дирам аст. Моҳе пеш нархи газ то 9 сомонӣ ва нархи бензин ба 11 сомонӣ наздик шуда буд.

Сабзӣ 4 сомонӣ, картошка 3,5 сомонӣ буда, пиёз, ки чанде пеш 30 дирам буд, ҳоло то 2 сомонӣ хестааст. Вале помидор, ки то 6 сомонӣ хеста буд, ҳоло 3 килояш 10 сомонӣ шудааст. Вале бодиринг 6 сомонӣ аст, чунки соли гузашта 50 дирам  шуда буд ва имсол деҳқонон бодиринг накориданд. Аз ин сабаб, мегӯяд ҳамсуҳбати мо, бодирингро дар бозор намеёбӣ, баробари пайдо шудан харидорон зуд мебардоранд.

“Тарбузи 10килоӣ, ки аз Хуҷанд меоранд, 30 сомонӣ ва харбузаи 10килоӣ аз 35 то 40 сомонӣ нарх доштааст, харбузаи калонтар то 70 сомонист. Ахиран аз Ӯзбекистон ҳам харбузаҳои арзонтар ворид кардааст, ки аз 25 сомонӣ сар мешавад нархаш, валеранги каҳ мазза надорад”, мегӯяд ҳамсуҳбати “Бомдод”.

Орд аз 250 сар мешуд ва орди “Фатир”, орди пеши пеш, истеҳсоли Хуҷанд, 260 сомонӣ буд. Вале дар ҳафтаи ҷорӣ нархи орд якбора то 40 сомонӣ боло рафт ва ба 290 сомонӣ расид.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button