АфғонистонВидеоСиёсатТоҷикистон

МУЛЛО БАРОДАР ТОҶИКИСТОНРО БА ДАХОЛАТ ДАР УМУРИ ТОЛИБОН АЙБДОР КАРД ВА АЗ АКСУЛАМАЛ ҲУШДОР ДОД

Муовини раиси ҳукумати ташкилкардаи Толибон ва собиқ раҳбари дафтари сиёсии ин гуруҳи тундрав дар Қатар Мулло Абдулғанӣ Бародар дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Al-Jazeera Тоҷикистонро ба дахолат дар умури Толибон айбдор кард ва аз авоқиби он ҳушдор дод.

“Тоҷикистон ба корҳои мо дахолат мекунад, вале ҳар амал аксуламале дорад “, – гуфтааст Мулло Бародар, ки суханони ӯро РИА Новости иқтибос кардааст.

Мулло Бародар ҷузъиёти дигар надодааст, вале ахиран Толибон эълон кард, ки даҳҳо ҳазор аскару афсари нирӯҳои вижаи “Лашкари Мансурии Аморати исломӣ” дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Тахор ҷобаҷо карда шуданд.

Президенти Тоҷикистон аз аввал нисбат ба Толибон мавқеи шадид гирифт ва гуфт, Душанбе ҳукуматеро, ки дар он ба намояндагони ақалиятҳои қавмии Афғонистон, бахусус ба тоҷикони он кишвар ҷойгоҳи шоиста дода нашавад, эътироф нахоҳад кард. Ӯ гуфт, тоҷикҳо 46 фоизи аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва бояд дар ҳукумат ҷойгоҳи сазовор дошта бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сурати ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, ки таҳти роҳбарии Аҳмади Масъуд ба зидди Толибон меҷангад, тарафдорӣ мекунад ва Покистон, ҳомии асосии Толибонро ба баргузории музокироти байни Толибон ва тоҷикҳои Афғонистон дар шаҳри Душанбе мутақоид кард.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 сентябр суханрониаш дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро низ аз баррасии вазъи Афғонистон шурӯъ кард ва бахши аъзами суханрониашро ба ҳамин мавзӯъ бахшид.Ӯ гуфт, Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунад, вале Душанбе бар ин бовар аст, ки “барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад.” Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян кардани сохти давлатдорӣ дар Афғонистонро зарур шумурда, дигарбора таъкид кард, ки  тоҷикони Афғонистон  беш аз 46 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд ва “баробари дигар қавмҳои ин кишвар, ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.”

Ба ақидаи президенти Тоҷикистон, “ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст” ва ба болои ин, афзуд Эмомалӣ Раҳмон, “аз сӯйи ҳаракати “Толибон” иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст.”

Ӯ гуфт, “гурӯҳҳои гуногуни террористӣ бо истифода аз вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ дар Афғонистон мавқеи худро фаъолона мустаҳкам карда истодаанд. Ҳоло мо шоҳиди аз маҳбасҳо озод шудани ҳазорон аъзои ДОИШ, Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ мебошем. Яъне ҷойи нигаронӣ ва таассуф аст, ки имрӯз Афғонистон дар роҳи бисёр хатарзои дигарбора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил ёфтан қарор дорад.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button