ВидеоФарҳанг

ГИРЯИ ШАБНАМИ СУРАЙЁ ДАР ТӮЙИ ФАРЗАНДИ ОВОЗХОНИ ЗИНДАЁД БАҲРОМИ ҒАФУРӢ (ВИДЕО)

BG Company – Ютуб-канали овозхони шодравон Баҳром Ғафурӣ рӯзи 25 сентябр пораҳое аз тӯйи домодии Эҳсони Баҳром, фарзанди ин хонандаи зиндаёдро нашр кард.

Баҳром Ғафурӣ, муаллифи таронаи “Ай муҳоҷирбачаи саргардони тоҷик”, дар тӯли чандин сол ба як гимни ғайрирасмии муҳоҷирони тоҷик табдил ёфта буд, субҳи 7 августи соли 2020 дар як садамаи нақлиётӣ дар маркази Душанбе дар синни ҳамагӣ 44 ба ҳалокат расид.

Дар яке аз видеоҳои нашршуда дида мешавад, ки вақте гардонандагони базм навбатро ба овозхони шинохта Шабнами Сурайё медиҳанд, ӯ ҳангоми табрики домоду арӯс худро нигоҳ дошта наметавонад ва ба ёди Баҳром Ғафурӣ гиря мекунад.

 Дар ин видео ҳамчунин лаҳзаҳои риққатовареро нишон медиҳанд, ки Эҳсони Баҳром ба ҷои падараш аз бобояш фотеҳа мегирад ва падари  солманди Баҳром  ашк дар чашм барои наберааш даст ба дуо мекушояд ва бародарони Баҳром низ баробари падар даст ба дуо мебардоранд.

Дар видеои дигар Анӯшервони Баҳром, писари дигари Баҳроми Ғафурӣ, ки роҳу касби падарро интихоб кардааст, низ дар тӯйи арӯсии додараш овозхонӣ мекунад ва ӯ низ ҳамроҳи домод аз алами набудани падар дар ин рӯзи хурсандиашон ҳарду ба гиря медароянд.

Баҳроми Ғафурӣ, овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик,  субҳи 7 августи соли 2020, соати 04:00, бар асари дар хиёбони Рӯдакӣ дар маркази Душанбе дар наздикии Донишгоҳи омӯзгорӣ ба КАМАЗ бархӯрдани як мошини ҷипи “Ланд Крузер-200”  дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи ҷип муовини прокурори ноҳияи Фирдавсӣ Ислом Анварзода ва мусофири дигари мошин – Зарипов Баҳодур, соли таваллудаш 1986, сокини деҳаи Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Бо гузашти як сол аз марги фоҷиавии овозхони маҳбуб то кунун касе барои он садамаи марговар ба ҷавобгарӣ кашонда нашудааст. Тафтиши парвандаи ҷиноӣ ба зидди гумонбари асосӣ: ронандаи ҷип Ислом Анварзодаро “бинобар дар ҳолати бемори вазнин қарор доштанаш” ҳанӯз моҳи октябри соли 2020 боздоштанд.

Ислом Анварзода, писари Анвар Қурбонов, маъруф ба “Анвари Текстил”, мудири кулли корхонаи нассоҷии Душанбе буд. Мақомот Анварзодаро ба он айбдор карданд, ки дар ҳолати мастӣ сари фармони мошин нишастааст ва мошинашро ба болои ин бо суръати хеле баланд ронда, сабабгори садамаи марговар шудааст. Ӯро билофосила аз мансаб барканор карданд ва баъди чанде хабар омад, ки гӯё табибон як дасти Анварзодаро буридаанд. Чанде баъди дигар хабар расид, ки Ислом Анварзодаро барои идомаи табобат ба хориҷи кишвар фиристодаанд.

Додситонии кулли Тоҷикистон моҳи марти соли 2021 хабар дод, ки 10 августи соли 2020 бар асоси қисми 4 моддаи 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Анварзода парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд, вале “ҳаминро бояд қайд намуд, ки 10 октябри соли 2020 бинобар дар ҳолати бемории вазнин қарор доштани Анварзода Ислом, дар асоси сархати 3 қисми 1 моддаи 230 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноятӣ боздошта шудааст”.

Ба бовари бисёриҳо, Ислом Анварзодаро хешовандони бонуфузаш бо мақсади халос кардан аз ҷавобгарии ҷиноӣ аз Тоҷикистон гурезонданд. Анварзода ахиран ба Тоҷикистон баргашт ва бо видеои латтукӯби як ҷавонзан номаш дигарбора дар сархатти хабарҳо афтод, вале маълум нест, ки оё тафтиши парвандаи садамае, ки сабаби марги Баҳроми Ғафурӣ шуд, аз сар гирифта шуд ё не?

Баҳроми Ғафурӣ 29 феврали соли 1976 дар деҳаи Ҳазрати Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ собиқ Ленин) ба дунё омада, риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллиро хатм карда буд.

Баҳроми Ғафурӣ аз худ 10 албоми таронаҳо боқӣ гузошт. Ӯ ҳамчунин дар озмунҳои мусиқӣ унвонҳои ифтихории “Ситораи сол ва Овозхони беҳтарин” – ро соҳиб шуда, соли 2009 дар озмуни байналмилалии Big Apple music Awards “Овозхони беҳтарини мард” эълон шуда буд.

Яке аз таронаҳои аз ҳама машҳури Баҳроми Ғафурӣ “Муҳоҷирбача” бар матн ва оҳанги Фарҳоди Милод буд, ки дар тӯли солиён гимни ғайрирасмии муҳоҷирони тоҷик дониста мешуд.

Баҳроми Ғафурӣ танҳо ҳунарманди тоҷик нест, ки дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон бохтаанд. Соли 1979 Муқаддас Набиева ва соли 1991 Наргис Бандишоева бар асари садама ҷони худро аз даст дода, ҳаводорони худро ғарқи мотам карданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button