ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷиронҲуқуқи инсон

БАҲРИДДИНРО БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ДУХТУРЕ, КИ БА ҲАМСАРАШ ГАП ПАРТОФТ, АЗ ТЕЛЕФОНУ ИНТЕРНЕТ МАҲРУМ КАРДАНД (ВИДЕО)

Додгоҳи шаҳри Нижневартовски Русия ҳамчун чораи пешгирӣ Баҳриддин Азимови зодаи Тоҷикистонро, ки ба латтукӯби як духтур барои ба зани ӯ гапи ноҷо партофтанаш айбдор мешавад, аз ҳаққи бе иҷозати муфаттиш тарк кардани аз маҳалли зист, тамос гирифтан бо шоҳидон ва истифода аз васоили алоқа ва Интернет маҳрум кард.  

Дар ин бора рӯзи 25 сентябр раёсати тафтишоти ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси хабар дод.

Ин ниҳод гуфт,  нисбат ба ин чоҳкани 29-солаи ширкати «РН-Сервис» («Роснефть») бар асоси қисми якуми моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ бо истифода аз зӯроварӣ парванда кушодаанд ва тафтиши он таҳти назорати раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин қарор дорад. Ба Баҳриддин бар асоси ин банди қонун аз ҷарима ба маблағи дастикам 300 ҳазор рубл то ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Мақомоти тафтишотӣ лаҳзае аз бозпурсии Баҳриддин Азимовро низ нашр кардаанд.

Қаблан лаҳзаи дигари бозпурсии Баҳриддин Азимов нашр шуд, ки ӯ мегуфт, духтурро барои ба ҳамсари ӯ гапи ноҷо партофтанаш задааст ва барои ин узр пурсиданӣ нест.

 “Ман омода нестам, ки узр бипурсам, чун духтур ҳангоми муоина ба ҳамсари ман гап партофт ва инро зеҳни ман қабул карда наметавонад”, — мегӯяд Баҳриддин дар видеое, ки telegram-канали «Мегаполис» нашр кард. Ӯ ҳамчунин гуфт, “духтур бояд кори худашро анҷом диҳад, вале пурсидан, ки “барои чӣ ту ин халтаро ба сар кашидаӣ?, берун аз салоҳияти духтур аст.” Манзур аз “халта” инҷо ҳиҷоб аст.

Баҳриддин ва ҳамсараш ҳарду 8 сол пеш шаҳрвандии Русияро гирифта будаанд.

Бино ба гузоришҳо, рӯзи 21 сентябр, тахминан соати 15, ба назди духтури пӯсти клиникаи хусусии “А-мед” Владимир Жерноклеев як зани 30-солаи ҳиҷобпӯш даромадааст. Ӯ бояд аз муоинаи духтур мегузашт. Зан аввал нахостааст, ки ӯро духтури мард бубинад. Табиб ба вай маслиҳат додааст, ки ба роҳбарияти клиника муроҷиат кунад, то барояш табиби зан пайдо кунанд. Дар ниҳоят зан ба муоина розӣ шудааст ва Жерноклеев  шиками ӯро муоина карда, ҷавобаш додааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, баъди чанд лаҳза ба ҳуҷраи кори духтар Баҳриддин, шавҳари он зан даромада, «тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, бо баҳонаи бофтаи гӯё таарруз ба дахлнопазрии ҳамсараш аз тарафи корманди тиб, ба рӯи духтури пӯсте, ки занро муоина карда буд,  на камтар аз ду зарба задааст.”

Духтури латтукӯбшуда Владимир Жирноклеев мегӯяд, дар таҷрибаи кориаш занони зиёд, аз ҷумла занҳои мусалмонро муоина кардааст, вале бори аввал дучори чунин ҳолат шуд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button