АфғонистонВидеоДин ва боварҳо

ҚУМАНДОН ТУҒРАЛ: ТОЛИБҲОРО АЗ МИНТАҚАИ АНДАРОБҲО БЕРУН АНДОХТЕМ

Ғанӣ Туғрали Андаробӣ, маъруф ба Туғрали Андароб, яке аз фармондеҳони Ҷабҳаи муқовимат дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон хабар додааст, ки тақрибан як ҳафта боз вулусволиҳои минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлонро нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд ба даст овардаанд.

Ба ин тартиб, ҳоло ба ҷуз аз дараҳои вилояти Панҷшер, Андаробҳо боз як минтақаи дигари бузургест, ки  хориҷ аз тасарруфи ҷангҷӯёни Толибон қарор доранд.

Қумандон Туғрал гуфт, дар пайи сардиҳои ахир дар қаторкӯҳҳои Ҳиндукуш ҷангҷӯёни Толибон минтақаи Андаробҳоро раҳо намуда, рӯ ба фирор овардаанд.

“Се рӯзи пеш мо вулусволии Бануро дубора озод кардем. “Толибон” то ба ҳол ҳаракате аз худ нишон намедиҳанд ва ин фурсати моро барои омодагӣ ба дифоъ ҳамвор кардааст. Сардии ҳаво як гуна мушкилофар аст, аммо сарбозони муқовимат далерона истодагӣ мекунанд”, – гуфт ӯ.

Пули Ҳисор, Деҳсалоҳ ва Бану се вулусволии вилояти Бағлон дар қисмати шарқу шимолии дараи Панҷшер ҳастанд, ки дар миёни мардум бо номи Андаробҳо ёд мешаванд.

Дар ин минтақа ба ҷуз Ғании Андаробӣ, фармондеҳони дигари Ҷабҳаи муқовимат, назири Хайрмуҳаммади Андаробӣ, Ромиши Андаробӣ, Лутфуллоҳ Машҳур ва дигарон фаъолият мекунанд. Дар камтар аз як моҳи охир Андаробҳо бори сеюм аст, ки аз дасти  Толибон озод мешавад ва ба дасти нерӯҳои  Ҷабҳаи муқовимат мегузарад.

Ғании Андаробӣ мегӯяд, ҷангҷӯёни Толибон се рӯз пеш дар рустоҳои Даришав ва Дараи Арзаи вулусволии Пули Ҳисор як амалиёт роҳандозӣ карданд, вале ба муқовамати шадиди нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат мувоҷеҳ шуда, шикаст хӯрданд. Ӯ афзуд, ки толибҳо “дар оғоз толибони маҳаллиро истихдом мекарданд, аммо ҳоло ба далели камбуди нерӯ аз вилоятҳои ҷанубии Қандаҳору Ҳилманду Пактиё  нерӯ меоранд”.

Берун аз вилояти Панҷшер минтақаи Андаробҳои вилояти Бағлон аввалин минтақае буд, ки ба зидди Толибон қиёми мусаллаҳона кард ва комёб шуд. Пешравии нирӯҳои муқовимат дар Анадаробҳо мавқеияти нирӯҳои Ҷабҳаи муқовиматро қавитар кардааст.

Ҷангҷӯёни Толибон дар аввали моҳи август дар байни ҳамагӣ 10 рӯз 33 вилоят аз 34 вилояти Афғонистон, бо шумули пойтахт, шаҳри Кобулро ишғол карданд, вале инак беш аз як моҳ боз наметавонанд султаи худро болои вилояти Панҷшер ва Андаробҳо таҳмил кунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button