АфғонистонВидеоНуқтаи назарСиёсат

ПАЁМИ НАВИ АҲМАДИ МАСЪУД БАЪДИ 20 РӮЗИ ХОМӮШӢ (ВИДЕО)

Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, як эътилофи зидди Толибон дар Афғонистон рӯзи 24 сентябр дар канали тозатаъсисаш дар Ютуб як паёми садоии тақрибан шашдақиқагиро ба аҳли анҷумани бахшида ба падараш Аҳмадшоҳи Масъуд дар Донишгоҳи Кембриҷи Бритониёро нашр кардааст. Кай ва дар куҷо сабт шудани ин паём, ки ба забони англисист, маълум нест.

 Ин нахустин паёми Аҳмад Масъуд дар 20 рӯзи охир буд.Ӯ бори охир 4 сентябр паёми низ садоиеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда, рӯзи 5 сентябр бо фармондеҳон ва бузургони Панҷшер мулоқот дошт ва гуфта буд, ки то 9 сентябр Толибонро аз Кобул хоҳанд ронд.

Аммо баракс ҷангҷӯёни Толибон рӯзе баъд вориди Панҷшер шуданд ва аз он вақт инҷониб Аҳмад Масъуд аз маҳзари ом пинҳон буд.

 Сару садоҳое ҳам паҳн шуд, ки ӯ ҳамроҳи Амруллоҳ Солеҳ, ки худро баъди фирори Ашраф Ғанӣ президенти Афғонистон эълон кард, ба Тоҷикистон паноҳ бурдаанд. Ахиран хабаре нашр шуд, ки Аҳмад Масъуд, Амруллоҳ Солеҳ ва боз чанд намояндаи Ҷабҳаи муқовимат бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот ҳам кардаанд.

Аммо намояндагони ин Ҷабҳа исрор меварзанд, ки Аҳмад Масъуд дар ҳудуди Афғонистон аст ва бо Панҷшер тамос дорад. Онҳо ҳарчанд хабари мулоқоти роҳбарони Панҷшер бо президенти Тоҷикистонро тасдиқ карданд, вале гуфтанд, Аҳмад Масъуд дар он мулоқот набуд.

Дар паёмаш ба анҷумани Аҳмадшоҳи Масъуд дар Донишгоҳи Кембриҷ, Аҳмад Масъуд  бештар пиромуни инки ӯ ояндаи Афғонистонро чӣ гуна мебинад?, изҳори назар кардааст.

Аҳмад Масъуд Толибонро як гуруҳи тундрав хонда, гуфт, худи ӯ ғайримутамарказ кардани низоми сиёсиву идории Афғонистонро беҳтарин роҳ барои ояндаи ин кишвар мешуморад, зеро он имкон медиҳад, ки ҳамаи қавмҳои сокини ин кишвар ҳаққ ва имкони интихоби роҳбарони худ ва таъсир дар таъйини сиёсати давлатро ба даст биоранд.

Аҳмад Масъуд  таъкид кард, ки падараш Аҳмадшоҳ Масъуд низ ҷонибдори чунин низом буд ва ба зидди режимҳои истеъмориву ифротие, чун Толибон, ҳамеша мубориза мебурд. Аҳмад Масъуд гуфт, ҷангҷӯёни Толибон бо ишғоли Афғонистон ин кишвари азияткашидаро дигарбора гирифтори террору бадкирдорӣ ва рафтори ваҳшиёна карда, Афғонистонро мехоҳанд ба қуруни вусто баргардонанд.  “Онҳо зидди ҳуқуқҳои бунёдии занон ва таҳсили духтарон ҳастанд. Толибон кишвари моро ба паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ табдил доданд”, изҳор дошт роҳбари Ҷабҳаи муқовимати милии Афғонистон.

Ӯ гуфт, ин ҷабҳаро барои он ташкил дод, ки роҳи падарро идома дода, орзуи мардуми Афғонистонро барои бунёди як давлати шукуфо ва макони амн барои ҳамаи ақвоми сокинаш ҷомаи амал бипӯшонад.

Аҳмади Масъуд соли 1989 дар хонаводаи Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон ба дунё омадааст. Ӯ 12 сол дошт, ки падарашро ҷангиёни шабакаи Ал Қоида дар як ҳамлаи мусаллаҳона куштанд. Аҳмади Масъуд  дар Академияи ҳарбии Сандерҳерсти Бритониё ва солҳои 2012 то 2015 дар факултаи таҳқиқоти ҳарбии коллеҷи подшоҳии Лондон таҳсил карда, соли 2016 риштаи сиёсати байналмилалии Донишгоҳи шаҳри Лондонро хатм кардааст.

Ӯ соли 2016 ба Афғонистон баргашт ва раҳбарии Сандуқи Аҳмадшоҳи Масъудро ба дӯш гирифт.  Баъди тасарруфи Кобул аз сӯи Толибон Аҳмади Масъуд Ҷабҳаи муқовимати миллиро ташкил дод.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button