ВидеоТиб ва беҳдошт/Муҳити зист

КОРОНАВИРУС ДАР ТОҶИКИСТОН АЗ БАЙН БУРДА ШУД?

Вазорати тандурустии Тоҷикистон шоми 24 сентябр хабар дод, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати нави сирояти шаҳрвандон ба коронавирус сабт нашудааст ва то шоми 24 сентябр дар кишвар чӣ дар шароити хона ва чӣ дар бемористонҳо ягон бемори коронавирус набуд. Ин вазорат охирин ҳолатҳои сирояти шаҳрвандон ба короанвируси нави навъи COVID-19  12 сентябр  тасдиқ карда буд ва аз 13 сентябр ба ин тараф, инак 12  рӯз боз паиҳам  ҳар рӯз иддао мекунад, ки шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд.

Дар маҷмӯъ, аз аввали бақайдгирии пандемия  то шоми 13 (14, 15… 24) сентябр дар Тоҷикистон расман 17 084 нафар гирифторони сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 16 953 нафар аз ин беморӣ шифо ёфта, 124 нафар, мутаассифона, фавтидаанд.

Вазорати тандурустӣ шоми 13 сентябр, вақте бори аввал аз 21 июн хабари ошкор нашудани ягон ҳолати нави коронавирусро дар кишвар ҳисобот медод, гуфт, чораҳои андешидаи ҳукумат, бавижа маъракаи ваксинзании саросарии аҳолии калонсоли Тоҷикистон боис шуд, ки пандемияи коронавирус дар Тоҷикистон ба нестӣ расонда шавад.

Бисёриҳо ба  иддаои вазорати тандурустӣ дар бораи “ба нестӣ расидани пандемия дар Тоҷикистон” бо шубҳа нигоҳ мекунанд ва мегӯянд, ҳарчанд вусъату доманаи беморӣ назар ба тобистон коҳиш ёфтааст, вале ҳанӯз ба ҳадде нест, ки аз комилан нест шудани пандемия дар ҷумҳурӣ табли шодӣ бизанем.

Дар нимаи аввали сол вазорати тандурустӣ қариб ним сол исрор меварзид, ки дар Тоҷикистон коронавирус ба нестӣ расонда шуд. Дар натиҷа моҳи июну июл кишвар ба мавҷи азими ин беморӣ рӯбарӯ шуд, ки боиси ҳалокати даҳҳо нафар гардид.

Бино ба омори расмӣ, Тоҷикистон то имрӯз ҳудуди 5 миллион ваксинаи зидди коронавирусро ба таври ройгон ба даст оварда, қасд дорад ҳамаи 5,8 миллион аҳолии аз синни 18 болояшро эм кунад. То 13 сентябр, бар асоси омори вазорати тандурустӣ, наздики 2,2 миллион аз аҳолии калонсоли Тоҷикистон ҳадди ақал як вояи ваксина ва қариб 1,3 миллион нафар ҳарду вояи ваксинаро гирифтаанд.

Барои эм кардани ҳамаи 5,8 миллион аҳолии калонсоли Тоҷикистон наздики 12 миллион ваксина лозим аст. Тоҷикистон то имрӯз ҳамаи 5 миллион ваксинаеро, ки ба кишвар ворид шудааст, ба таври ройгон тавассути барномаи КОВАХ, ки ҳадафаш таъмини одилонаи ҳамаи кишварҳо ба ваксинаҳои зидди пандемия аст, ба даст овардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button