ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ҲАЛОКАТИ НОБОЛИҒ ДАР КӮЧАИ ТУРСУНЗОДАИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Як ноболиғи 16-сола рӯзи 24 сентябр, соати 16:30 дар кӯчаи Турсунзодаи шаҳри Турсунзода зери чархи мошини “Тико” монда, дар бемористон ҷон додааст.

ххххххххххх

Марди 34-солаи сокини пойтахт ва марди 44-солаи қаблан барои дуздӣ судшуда сокини Ҳисор ба он гумонбар мешаванд, ки дар ду қазияи алоҳида аз ду сокини Душанбе бо роҳи фиреб бо ваъдаи ба онҳо гирифта додани хона аз яке 48 ҳазор ва аз дуюмӣ 205 ҳазор сомонӣ гирифта,  пулҳои ба манфиати худ сарф карда, кори он ду ҷабрдидаро буд накардаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 25 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Ҳалокати ноболиғи 16-сола дар садамаи нақлиётӣ

Рӯзи 24-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 16:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тико», Каримов Хуршед Абдуҷалилович, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди кӯчаи М.Турсунзодаи ҳамин шаҳр аз уҳдаи идораи автомашина набаромада, ноболиғ Қаюмов Аъзамҷон Умарович, соли таваллудаш 2005, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст.
Мутаассифона, ноболиғ Қаюмов А.У. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Ошкор гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 40-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки моҳи октябри соли 2019, марди 34-солаи сокини шаҳри Душанбе, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 48 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки хонаи истиқоматиашро медиҳад, аммо фиреб дода, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Ҳамин тариқ, ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ бо ариза ҷавони 23-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2020, марди 44-солаи сокини шаҳри Ҳисор, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 206 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар бинои сохтмонаш нотамом хонаи истиқоматӣ ба ӯ гирифта медиҳад, аммо фиреб дода, маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button