ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсонЧеҳраҳо

БОЗДОШТИ ЧУПИК ДАР МАСКАВ: ҲОМИИ ҲУҚУҚИ МУҲОҶИРОНРО ТО СОЛИ 2051 АЗ ҲАҚҚИ ВУРУД БА РУСИЯ МАҲРУМ КАРДАНД

Мақомоти Русия Валентина Чупик, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷиронро дар фурудгоҳи Шереметовои шаҳри Маскав боздошт карда, иҷозат надодаанд, ки вориди Русия шавад.

Валентина Чупик соати қариб дуи шаб вақте боздошт шуд, ки аз шаҳри Ереван, пойтахти Арманистон меомад. Дар фурудгоҳи Шереметево кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ӯро расман хабар кардаанд, ки бар асоси қарори ВКД Русия ӯро аз мақоми паноҳанда маҳрум кардаанд ва то соли 2051, яъне барои 30 сол аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд.

Баъди ин мақомот гузарномаи Чупикро, ки ба ӯ ҳамчун паноҳанда дода шуда буд, мусодира ва худашро боздошт кардаанд. Валентина Чупик 7 сентябри соли 1973 дар шаҳри Тошканд, пойтахти Ӯзбек истон ба дунё омада, дар даврони Ислом Каримов дар Русия паноҳанда шуда буд.

Ёрони ҳомии ҳуқуқ ба пойгоҳи хабарии «Бомдод» хабар доданд, ки алоқа бо Чупик баъди онки ӯ хабари боздошташ дар марзро бо аксҳои санадҳои расмӣ фиристод, канда шудааст.

Онҳо гумон мебаранд, ки шояд Валентина Чупикро барои ихроҷ ба Ӯзбекистон омода карда истодаанд. Ёронаш тарс доранд, ки дар Ӯзбекистон ӯ метавонад мавриди шиканҷа аз ҷониби мақомоти амниятии Тошканд қарор бигирад. Онҳо талаб доранд, ки ба Валентина Чупик имкони рафтан ба ягон кишвари бетараф дода шавад.

Ёрони Валентина Чупик мутмаинанд, ки маҳрум кардани ӯ аз мақоми паноҳанда ва “запрет” барио 30 сол як навъ интиқом барои мавқеи фаъоли шаҳрвандиест, ки ин ҳомии ҳуқуқ дар арсаи ҳимоят аз ҳаққи муҳоҷирон намоиш медод.

Валентина Чупик бо як ҷасорат ва оштинопазирии худ дар арсаи ҳимоят аз ҳаққи муҳоҷирон маъруф буд. Ӯ аслан фарқ намегузошт, ки аз ҳуқуқи кӣ ҳимоят мекунад: Муҳоҷирони тоҷик, ӯзбек, қирғиз ва ҳатто аз Африко ҳама барои ӯ баробар ва худӣ буданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button