ВарзишВидеоИқтисод

РАҲИМИ ҒАРМӢ БА НУРУЛЛО АЛИЕВ ҲАМ МОШИН ТУҲФА КАРДААСТ (ВИДЕО)

Размандаи шинохтаи тоҷик Нурулло Алиев  бо нашри як видео дар саҳифааш дар Инстаграм хабар дод, ки  баъди бозгашташ ба Ватан дар пайи пирӯзӣ дар мусобиқоти EFC (Eagle Fighting Championship) ӯро дар Тоҷикистон фавҷи мухлисон бо тантана, бо карнаю сӯрнай пешвоз гирифтаанд ва аз номи соҳибкори шинохтаи тоҷик Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ ба ӯ як мошини “Мерседес” туҳфа кардаанд.

Дар видео дида мешавад, ки як нафар аз номи Раҳими Ғармӣ ба Нурулло Алиев калиди мошинро месупорад ва мегӯяд, ин туҳфа ба хотири он аст, ки варзишгарони тоҷик барои ғалабаҳои навбанав руҳбаланд, ё ба гуфтаи ӯ, мотиватсия шаванд.

Нурулло Алиев вақте туҳфаро мегирифт, ба Раҳими Ғармӣ барои чунин мотиватсия изҳори сипос кард ва гуфт, хеле дар ҳолати ҳаяҷон қарор дорад.

Ёдовар мешавем, Раҳими Ғармӣ ба размандаи дигари тоҷик Самандар Муродов низ баъди бозгашташ ба Душанбе мошини “Мерседес” туҳфа кард.

Самандар Муродов ва Нурулло Алиев рӯзи 17 сентябр дар мусобиқоти EFC (Eagle Fighting Championship), ки ба ёди Абдуманоф Нурмуҳаммадов, падар ва мураббии фақиди размандаи шуҳратёри доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бахшида шуда буд, соҳиби ҷои аввал ва унвони қаҳрамони ин мусобиқот шуданд.

Барои дарёфти медали қаҳрамонӣ Нурулло Алиев футболка бо акси падари Ҳабиб ба саҳна баромад, вале Самандар Муродов футболка бо акси Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш Аҳмади Масъудро пӯшида, мухлисонашро боз ҳам бештар ба ваҷд овард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button