ВидеоДин ва боварҳоМуҳоҷирон

МАРДИ ТОҶИК БАРОИ ЛАТТУКӮБИ ДУХТУР УЗР НАПУРСИД. Ӯ МЕГӮЯД, ДУХТУР БА ЗАНАШ ГАП ПАРТОФТААСТ (ВИДЕО)

Баҳриддин А., як марди 29-солаи  зодаи Тоҷикистон, ки ба латтукӯби як духтури пӯст дар шаҳри Нижневартовск айбдор мешавад, аз узр хостан барои ин амалаш саркашӣ кард ва ба навбати худ  табибро айбдор кард, ки ба ҳамсари ӯ гӯё гап партофтааст.

Баҳриддинро, ки дар  ширкати «РН-Сервис» («Роснефть») кор мекунад, боздошт карда, ба зиддаш  бар асоси моддаи 213 Кодекси ҷиноятии Русия бо иттиҳоми авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд, хабар дод рӯзи 24 сентябр раёсати тафтишоти ҳавзаи мухтори Ханти ва Манси. Ин ниҳод гуфт, тафтиши парванда зери назорати раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин қарор дорад. Ба Баҳриддин барои ин амалаш  аз ҷарима ба маблағи дастикам 300 ҳазор рубл то ҳукми зиндон таҳдид мекунад.

Рӯзи 21 сентябр, тахминан соати 15, ба назди духтури пӯсти клиникаи хусусии “А-мед” Владимир Жерноклеев як зани 30-солаи ҳиҷобпӯш даромадааст. Ӯ барои диспансеризатсия бояд аз муоинаи духтур мегузашт. Зан аввал нахостааст, ки ӯро духтури мард бубинад. Табиб ба вай маслиҳат додааст, ки ба роҳбарияти клиника муроҷиат кунад, то барояш табиби зан пайдо кунанд. Дар ниҳоят зан ба муоина розӣ шудааст ва Жерноклеев  шиками ӯро муоина карда, ҷавобаш додааст.

Бино ба фарзияи тафтишот, баъди чанд лаҳза ба ҳуҷраи кори духтар Баҳриддин, шавҳари он зан даромада, «тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, бо баҳонаи бофати гӯё таарруз ба дахлнопазрии шамсараш аз тарафи корманди тиб, ба рӯи духтури пӯсте, ки занро муоина карда буд,  на камтар аз ду зарба задааст.”

Духтури латтукӯбшуда Владимир Жирноклеев, дар таҷрибаи кориаш занони зиёд, аз ҷумла занҳои мусалмонро муоина кардааст, вале бори аввал дучори чунин ҳолат шуд.

Аммо Баҳриддин дар ҷараёни бозпурсиаш дар пулис гуфт, духтурро барои ба ҳамсари ӯ гап партофтанаш задааст ва барои ин узр пурсиданӣ нест.

 “Ман омода нестам, ки узр бипурсам, чун духтур ҳангоми муоина ба ҳамсари ман гап партофт ва инро зеҳни ман қабул карда наметавонад”, — мегӯяд Баҳриддин дар видеое, ки telegram-канали «Мегаполис» нашр кардааст.

Ӯ ҳамчунин гуфт, “духтур бояд кори худашро анҷом диҳад, вале пурсидан, ки “барои чӣ ту ин халтаро ба сар кашидаӣ?, берун аз салоҳияти духтур аст.” Манзур аз “халта” инҷо ҳиҷоб аст.

Баҳриддин ва ҳамсараш ҳарду 8 сол пеш шаҳрвандии Русияро гирифта будаанд,\

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button