АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳонТоҷикистон

МАНБАЪ: ТОЛИБОНИ ТОҶИК БАРОИ ГУЗАШТАН АЗ МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ОМОДАГӢ МЕГИРАНД

Як мақоми марзбонии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, бино ба маълумоти дарёфтӣ,  ҷангҷӯёни тоҷикистонии зери назари “Толибон” мавзӯи вуруд ба хоки Тоҷикистонро матраҳ кардаанд. Ӯ гуфт, мақомоти тоҷик дар ҳоли санҷиши ин маълумотанд ва ҳарчанд то куҷо ҷиддӣ будани он дақиқ нест, назорат дар марз пурзӯр карда шудааст.

“Ҳамин хел хабарҳо расид. Сарҳадбонон доим барои пешгирӣ аз чунин нақшаҳо омодаанд. Ин кор мешавад ё не, мо дар он тарафи дарё хатарро мебинем ва [ба он] омодаем,” –  гуфтааст ӯ.

Чанд сокини маҳаллӣ дар Дарвози Афғонистон низ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, пас аз пирӯзии “Толибон” Маҳдӣ Арсалон ба Кобул рафта буд, вале дар як ҳафтаи охир “дубора дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвози Афғонистон пайдо шудааст”.  Маҳдӣ Арсалон тахаллуси Муҳаммад Шарипов, сокини ноҳияи Нурободи Тоҷикистон  аст, ки ӯро роҳбари кунунии созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Ансоруллоҳ”  ном мебаранд.

Як мақоми собиқи амниятии Афғонистон, ки аз макони номаълум бо Радиои Озодӣ суҳбат мекард, гуфт, шахсони боэътимоди ӯ шоҳиди машваратҳои “Толибон”-и тоҷикистонӣ ва ҷангҷӯёни қафқозӣ барои вуруд ба хоки Тоҷикистон шудаанд. “Кадом нақшае дар зеҳн доранд. Аз миёни сокинон шахсонеро мепурсанд, ки роҳҳои осони гузаштан ба хоки Тоҷикистонро медонанд,” — гуфт ӯ.

Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба  Озодӣ гуфтааст, “касе иҷозат намедиҳад, ки аз хоки Афғонистон ба хотири ба ҳамсояҳои мо зарар расонидан истифода шавад. Чунин иқдом агар касе кард, мо ҷиддӣ ба ҳар қимате бошад, ҷилави онҳоро хоҳем гирифт.”

Ин хабар дар ҳолест, ки дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон омодагиҳо ба сафари  қарибулвуқӯи президент Эмомалӣ Раҳмон ҷараён дорад.

Ғолиб Ниятбеков, сухангӯи раиси ВМКБ, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҳарчанд овозаҳо дар бораи эҳтимоли ҳамла аз он тарафи марз зиёд шудааст, аммо мардум бо эътимод ба сарҳадбонон аз чунин овозаҳо ҳарос надоранд.

“Ин ҳама ҳоло дар сатҳи овоза ҳаст. Марзбонони мо назорати сарҳадро боз ҳам пурзӯртар кардаанд. Мо ба сафари раҳбари давлат омодагӣ дида истодаем. Ҳеҷ тарсу ҳарос дар миёни мардум нест ва ҳама аз пайи зиндагии худ ҳастанд,” – гуфтааст Ниятбеков.

Толибон ҳанӯз  моҳи июн назорати марзи Афғонистон бо Тоҷикистонро ба  даст овард. Қаблан гузориш шуда буд, ки ин гуруҳи тундрав назорати марзи панҷ ноҳияи сарҳадии Афғонистонро бо Тоҷикистон дар Дарвоз ба ихтиёри Маҳдӣ Арсалон  супурдаанд.

 “Ансоруллоҳ”, ки аксаран дар сафи он зодагони Тоҷикистон қарор доранд, солҳо боз дар Афғонистон дар канори Толибон меҷангад. Ахиран парчами “Толибон”-ро дар марз бо  Хоруғи Тоҷикистон пайравони ҳамин гуруҳ боло карда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, дар се моҳи охир, аз замони ба дасти Толибон афтодани назорати марз , ягон талоши убури мусаллаҳонаи сарҳад рух надодааст, вале нигаронӣ аз сирояти нооромиҳои он сӯи марз кам нест.

Тоҷикистон, қарори маълум, аз камшумор кишварҳоест, ки сароҳатан мавқеи зидди Толибонро гирифтааст ва президенташ Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Душанбе ҳукумати Афғонистонро дар сурати дар он ҷойгоҳи шоиста пайдо накардани тоҷикҳои он кишвар эътироф нахоҳад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button