ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТОҶИКИСТОНРО БА УЗВИЯТИ ШӮРОИ АМНИЯТ ПЕШБАРӢ КАРД

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон рӯзи 24 сентябр дар суханрониаш дар мубоҳисаҳои умуумии Иҷлоси 78-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид кишварашро ба мақоми узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти ин созмон барои солҳои 2028-2029 пешбарӣ кард.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки дар Тоҷикистон қадру қимати сулҳ ва зарурату аҳаммияти ҳимояи онро хеле хуб дарк мекунанд ва аз таҷрибаи мусбати ҳамкориҳои кишвар бо Созмони Милали Муттаҳид дар ин росто қаноатманданд.

“Аз ин ҷост, ки Тоҷикистон ҳамеша аз фаъолияти сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид пуштибонӣ кардааст ва минбаъд низ саъю талош хоҳад кард, ки дар барқарорсозӣ ва пойдории сулҳу субот дар минтақаҳои гирифтори низоъ саҳмгузор бошад. Мо азм дорем, ки дар оянда дар ҳамкорӣ бо Департаменти амалиётҳои сулҳофаринии Созмони Милали Муттаҳид шумораи афсарони худро барои ҳиссагузорӣ дар ин раванд зиёд намоем”, гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Гузашта аз ин, афзуд президенти Тоҷикистон, “ба мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи аҳдофу вазифаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, мубодилаи таҷрибаи ғании Тоҷикистон дар ҷодаи муқовимат ба хатару таҳдидҳои амниятӣ ва барқарор кардани сулҳу суботи комил аз тариқи музокирот мо тасмим гирифтем, ки номзадии кишвари худро барои касби узвияти ғайридоимӣ дар ин Шӯро барои солҳои 2028-2029 пешбарӣ намоем.”

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон дар ин росто, омодаи ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои узви Созмони Милал буда, умедвор аст, ки онҳо аз номзадии Тоҷикистон пуштибонӣ хоҳанд кард.

Шӯрои Амният ниҳоди доимамалкунандаи Созмони Милал аст, ки ҳифзи сулҳу амният дар ҷаҳонро бар уҳда дорад. Шӯрои Амният аз 5 узви доимӣ (Амрико, Русия, Бритониё, Фаронса ва Чин) ва 10 узви ғайридоимӣ, ки барои ду сол интихоб карда мешаванд, иборат аст. 5 узви ғайридоимии Шӯрои Амният аз қораҳои Африқову Осиё, ду узваш аз Амрикои Лотинӣ, як узваш аз Аврупои шарқӣ ва дуи дигар аз Аврупои ғарбӣ ва кишварҳои боқимондаи дунё намояндагӣ мекунанд. Аз кишварҳои Шӯравии собиқ Украина, Қазоқистон ва Эстония алакай узви ғайридоимии Шӯрои Амният интихоб шуда буданд. Латвия соли 2022 узви ғайридоимии ин ниҳод мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button