АфғонистонВидеоНомаҳо ба президентСиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА СОЗМОНИ МИЛАЛ: ТОҶИКҲО БОЯД ДАР ҲУКУМАТИ АФҒОНИСТОН ҶОЙГОҲИ ШОИСТА ДОШТА БОШАНД! (ВИДЕО)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 сентябр суханрониаш дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро аз баррасии вазъи Афғонистон шурӯъ кард ва бахши аъзами суханрониашро ба ҳамин мавзӯъ бахшид.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Тоҷикистон ба корҳои дохилии Афғонистон дахолат намекунад, вале Душанбе бар ин бовар аст, ки “барои ҳалли муносиби мушкилоти сиёсиву амниятии кишвари ҳамсоя, бояд тавассути интихобот ва иродаи мардуми ин кишвар ҳукумати ҳамашумуле бо иштироки намояндагони ҳама гурӯҳҳои сиёсӣ ва ақаллиятҳои милливу қавмӣ ташкил карда шавад.” Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи раъйпурсӣ ва бо дарназардошти мавқеи тамоми шаҳрвандони кишвар муайян кардани сохти давлатдорӣ дар Афғонистонро зарур шумурда, афзуд, “таъсиси ҳама гуна ҳукумат бидуни ба эътибор гирифтани манфиатҳои кулли мардуми Афғонистон метавонад боиси оқибатҳои фалокатбор дар ин кишвар гардад.”

Президенти Тоҷикистон мавқеашро бори дигар такрор кард, кибо дарназардошти шиддати рӯзафзуни муборизаҳои қавмӣ ва гурӯҳҳои этникӣ дар Афғонистон “роҳандозии муколамаи фарогир бо иштироки намояндагони ҳама қишрҳои ҷомеаи Афғонистон аз шартҳои асосии барқарории сулҳу суботи пойдор дар он кишвар дониста мешавад.” Ӯ дигарбора таъкид кард, ки  тоҷикони Афғонистон  беш аз 46 фоизи аҳолии он кишварро ташкил медиҳанд ва “баробари дигар қавмҳои ин кишвар, ҳақ доранд дар умури давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд.”

Эмомалӣ Раҳмон  таҳаввулоти ахир дар Афғонистонро, ки боиси буҳрони амиқи сиёсиву башарӣ ва идораи давлатӣ гардидааст, таҳдиди ҷиддӣ ба амнияту суботи минтақа  номид ва гуфт, вазъи ин кишвар, ки бо Тоҷикистон қариб 1400 километр сарҳади муштарак дорад, ҳукумат ва мардуми Тоҷикистонро бетафовут гузошта наметавонад.

Ба ақидаи президенти Тоҷикистон, “ба сари қудрат омадани ҳаракати «Толибон», ки дар феҳристи гурӯҳҳои террористии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид қарор дорад, раванди бе ин ҳам мураккаби геосиёсии минтақаро боз ҳам печида кардааст” ва ба болои ин, афзуд Эмомалӣ Раҳмон, “аз сӯйи ҳаракати “Толибон” иҷро нагардидани ваъдаҳои қаблиашон оид ба ташкили ҳукумати ҳамашумул бо иштироки васеи нерӯҳои сиёсиву қавмии Афғонистон боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст.”

Ӯ бори дигар такрор кард, ки Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти беқонунӣ, куштору ғоратгарӣ ва зулму таъқибро алайҳи мардуми Афғонистон қатъиян маҳкум менамояд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, дигарбора аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар  интиқод кард, ки “муттаассифона, нисбат ба поймол гардидани ҳуқуқи дигар қавму миллатҳои сокини Афғонистон ва озодиҳои шаҳрвандони он кишвар, бахусус занону кӯдакон хомӯширо ихтиёр кардаанд ва дар ин маврид сухане ҳам баён намекунанд. “

Эмомалӣ Раҳмон вазъи пешомада дар вилояти Панҷшерро “нақзи фоҷиабори ҳуқуқи байналмилалии башарӣ” ва “фоҷиаи гуманитарӣ” номид ва гуфт, сокинони ин вилоят аз дастрасӣ ба озуқаворӣ, дигар маводи мавриди ниёзи аввалия, инчунин, кумакҳои башардӯстона маҳрум гардида, ҳатто ниҳодҳои Созмони Милал ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх то ҳол наметавонанд ба минтақаи Панҷшер ворид шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон хостори нақши калидӣ ба даст гирифтани Созмони Милал дар мавриди ҳалли қазияи Афғонистон шуд ва гуфт, “мардуми осоиштаи Афғонистон имрӯз бо даҳшат рӯ ба рӯ шудааст.” Ӯ бо изҳори нигаронӣ аз  қатли оми мардуми осоишта, собиқ кормандони нерӯҳои амнияти миллӣ ва хизматчиёни давлатии Афғонистон  гуфт, “гурӯҳҳои гуногуни террористӣ бо истифода аз вазъи ноустувори низомиву сиёсӣ дар Афғонистон мавқеи худро фаъолона мустаҳкам карда истодаанд. Ҳоло мо шоҳиди аз маҳбасҳо озод шудани ҳазорон аъзои ДОИШ, Ал-Қоида ва дигар гурӯҳҳои террористӣ мебошем. Яъне ҷойи нигаронӣ ва таассуф аст, ки имрӯз Афғонистон дар роҳи бисёр хатарзои дигарбора ба лонаи терроризми байналмилалӣ табдил ёфтан қарор дорад.”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button