АфғонистонВидеоТоҷикистон

АҲМАДИ МАСЪУД ДАР ДУШАНБЕСТ? МУЛОҚОТИ РОҲБАРОНИ ҶАБҲАИ ПАНҶШЕР БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

Як манбаи хабаргузориии русии “Спутник Тоҷикистон” дар Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон хабари мулоқоти як ҳайъати ин ҷабҳа бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро тасдиқ кардааст.

“Ин мулоқот ба таърихи 19 сентябр баргузор шуд ва дар он чаҳор нафар – Амруллоҳ Солеҳ, Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид, собиқ вазири корҳои дохилӣ ва Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон ширкат доштанд. Дар ин мулоқот масоили марбут ба Афғонистон, бахусус, музокироти Ҷабҳа бо “Толибон”* ба баррасӣ гирифта шуд”, – гуфтааст ин манбаъ.

Хабари мулоқоти роҳбарони Ҷабҳаи Панҷшер бо Эмомалӣ Раҳмон ибтидо дар як саҳифа дар Твиттер, ки ба номи генерал Бисмиллоҳхон, собиқи вазири дифои Афғонистон боз шудааст, нашр шуд. Дар он хабар иддао мешуд, ки дар мулоқоти ҳайъати Панҷшер бо Эмомалӣ Раҳмон раҳбари аввали муқовимат Аҳмади Масъуд ҳам иштирок дошт.

“Рӯзи гузашта таҳти раёсати Амир Соҳиб Аҳмади Масъуд, Амруллоҳхони Солеҳ, сарпарасти раёсати ҷумҳурӣ, Салоҳуддинхон, Ҷоҳид соҳиб, Эзадёр соҳиб, Маънавӣ соҳиб, Ағбар соҳиб, Хоноқо Ризоӣ ва Зилмуҳаммад Нурӣ дидор доштем бо ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвари дӯсти Тоҷикистон. Дар мавриди Афғонистони ишғолшуда, иншоаллоҳ, хабари хуш дар роҳ аст”, – гуфта мешуд дар он саҳифа дар Твиттер.

Аммо манбаи “Спутник” он саҳифаро қалбакӣ номида, гуфтааст, як бахши маълумоти он, аз ҷумла иддаои дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон иштирок доштани Аҳмади Масъуд, раиси Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Салоҳуддин Раббонӣ, собиқ вазири корҳои хориҷӣ, Фазл Аҳмад Маънавӣ, собиқ вазири адлия, Муҳаммад Алам Эзадёр, муовини раиси Маҷлиси Болоӣ, Хоноқо Ризоӣ ва Зилмуҳаммад Нурӣ, намояндагони Маҷлиси намояндагони парлумони Афғонистон дуруст нест.

“Теъдоде аз онҳо дар Тоҷикистон ҳузур надоранд”, – гуфтааст манбаъ.

Сафорати Афғонистон дар Душанбе рӯзи 20 сентябр маросимеро бахшида ба солгарди даҳуми қатли раисиҷумҳури собиқи Афғонистон Бурҳонуддин Раббонӣ баргузор карда буд. Сафорат гуфт, писари марҳум Салоҳуддин Раббонӣ ҳам ба ин маросим даъват шуда буд, вале наомад.

Ҳамин тавр, аз 5 сентябр, аз рӯзе ки Толибон вориди дараи Панҷшер шуданд, хабарҳое пайваста нашр мешаванд, ки Аҳмади Масъуд ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раисиҷумҳури Афғонистон дар давраи Ашраф Ғанӣ, ки баъди фирори Ғанӣ худро президент эълон кард, ба Тоҷикистон паноҳ бурдаанд.

Намояндагони Ҷабҳаи муқовимат танҳо дар арафаи нишасти ОДКБ ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба Тоҷикистон рафтани Амруллоҳ Солеҳро тасдиқ карданд. Вале ҳамчунон исрор меварзанд, ки Аҳмади Масъуд дар Афғонистон аст ва бо Панҷшер тамос дорад.

Бино ба иттилоъи манбаи “Спутник”, Амруллоҳ Солеҳ, Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ ва Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид тайи 10 рӯзи ахир ва намояндагони парлумони Афғонистон хеле пештар вориди Тоҷикистон шудаанд. “Бақия зикршудагон, ба шумули Аҳмади Масъуд ва Салоҳуддин Раббонӣ, дар Тоҷикистон ҳузур надоранд”, – гуфтааст ин манбаъ.

Бисмиллоҳхон Муҳаммадӣ, ки 15 август, баъди суқути Кобул аз тариқи Ӯзбекистон ба Дубай фирор карда буд, рӯзи 15 сентябр, дар арафаи нишасти ОДКБ ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамроҳи Тоҷмуҳаммади Ҷоҳид, вазири корҳои дохилии собиқи Афғонистон  дар солҳои 2016-2017 аз Дубай  ба Душанбе омад.

Бино ба гузоришҳои нашршуда, чандин мақоми дигари дар ҳукумати қаблии Афғонистон баландпоя, аз ҷумла Мирраҳмон Раҳмонӣ, раиси Маҷлиси намояндагон (Вулуси ҷирга), Муҳаммад Алам Эзадёр, муовини раиси Маҷлиси болоӣ (Мишрону ҷирга) ва чандин намояндаи мардумиву фармондеҳони зиддитолиби Афғонистон дар Тоҷикистон хабар медиҳанд. Хабаргузории Ройтерс ахиран хабар дод, ки 156 аскару афсари афғон, аз ҷумла халабонҳое, ки бо 16 ҳавопаймои ҷангӣ аз Афғонистон ба Тоҷикистон фирор карданд, дар ду осоишгоҳ нигоҳ дошта шуда, мунтазиранд, ки оё Амрико онҳоро кай ва ба кадом кишвар интиқол хоҳад дод?

Хабари мулоқоти ҳайъати Панҷшер бо Эмомалӣ Раҳмон дар ҳолест, ки президенти Тоҷикистон рӯзи 17 сентябр дар ҳошияи нишасти Шанхай бо сарвазири Покистон Имронхон дар мавриди дар Душанбе баргузор кардани музокироти байни Толибон ва тоҷикҳои Афғонистон тавофуқ карданд. Имрон Хон гуфт, тавофуқ шуд, ки  Душанбе бо нуфузе, ки ба тоҷикони Афғонистон дорад, ва Покистон бо истифода аз нуфузаш бар паштуҳо талош хоҳанд кард, то дар Кобул як ҳукумати фарогир рӯи кор биояд ва оташи ҷанг дар Афғонистон билохира хомӯш карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button