АфғонистонВидеоФарҳанг

ТОҶИКИСТОН БО ТУСТ, ПАНҶШЕР! ДАР ДУШАНБЕ КИТОБИ “НОМА БА ПАНҶШЕР” ЧОП ШУД

Рӯзи 22 сентябр дар шаҳри Душанбе бо ҳуруфи кирилӣ ва форсӣ маҷмӯаи “Нома ба Панҷшер”, ки ҳамовозии аҳли қалами Тоҷикистон ба Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмади Масъуд аст, аз дасти чоп берун омад. Ин маҷмӯаро шоир, тарҷумон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Иброҳимҷон Дӯстализода гирдоварӣ ва нашр кардааст. Қарор аст, дар рӯзҳои наздик маросими рӯнамоии ин китоб низ сурат бигирад. Ба дунболи рӯнамоӣ шакли электронии китоб ҳам тариқи Интернет дастраси ҳамагон мегардад.

Дар маҷмӯаи “Нома ба Панҷшер” ашъори шоирони тоҷик,  шуруъ аз бузургон Гулрухсор, Камол Насрулло, Аскар Ҳаким, Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Меҳринисо, устодон Рустам Ваҳҳобзода, Ато Мирхоча, Озарахш, Нуқраи Суннатниё, Шаҳрия, Давлат Сафар, Озар, Абдуллоҳи Раҳнамо, Исмоил Зарифӣ Салими Зарафшонфар, Нурали Нурзод , Адибаи Хуҷандӣ то шоирони ҷавон Орзу Исо, Адибаи Азиз, Толиби Луқмон, Бузургмеҳри Баҳодур, Бузургмеҳри Тоҷиддин, Иброҳимҷон Дӯстализода, мақолаҳои донишмандону журналистон Абдунабӣ Сатторзода, Мирзо Шукурзода, Анзурати Маликзод, Одил Нозир ва дигарон пиромуни вазъи имрӯзи Афғонистон гирдоварӣ шудааст.

Бино ба иттилои журналист Одил Нозир, дар ин нигоштаҳо аҳли зиёи Тоҷикистон ғасби Афғонистонро аз ҷониби гуруҳи террористии “Толибон”* маҳкум карда, хостори истиқрори сулҳу осоиш дар Афғонистон шудаанд. Ин маҷмӯа  ба навъе паёми мардуми Тоҷикистон ба Афғонистон ва ҷомеаи ҷаҳон аст.

Одил Нозир менависад: “Нома ба Панҷшер  номидани ин маҷмӯа бесабаб нест. Зеро, тавре ҳама огоҳӣ дорем, Панҷшер бо роҳбарии Аҳмад Масъуд ягона минтақае аст, ки дар баробари Толибон суқут накард ва нурест дар ҷабини гирифтаи Афғонистони ҷангзада. Наъраи Шерони Панҷшер дар ин авохир гӯши оламро кар кардан дорад. Панҷшер Каъбаи озодии Афғонистон, ягона умеди мардуми азияткашидаи ин минтақа барои расидан ба сулҳ аст.

Панҷшер танҳо вилоят аз 34 вилояти Афғонистон буд, ки султаи Толибонро напазируфт ва ба зидди режими нави ҷангҷӯёни ин гуруҳи тундрав қиём кард. Дар аввалҳои моҳи сентябр ҷангҷӯёни Толибон бархе аз қисматҳои водии Панҷшерро тасарруф карданд, вале дараҳои кӯҳистонии касногузарони он ҳамчунон дар контроли нирӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди лашкаркаши шуҳратёр Аҳмадшоҳи Масъуд боқӣ мемонад.

Тоҷикистон аз ангуштшумор кишварҳоест, ки аз оғоз султаи Толибонро напазируфт ва президенташ Эмомалӣ Раҳмон бо сароҳат эълон кард, ки агар Толибон дар ҳукумати ояндаи худ ба тоҷикони Афғонистон ва дигар ақалиятҳои қавмии он кишвар ҷойгоҳи шоистаеро қоил наоянд, Душанбе ҳукумати  навро дар Кобул эътироф нахоҳад кард.

Ҷомиаи Тоҷикистон, бахусус равшанфикрони тоҷик низ аксаран мавқеи тарафдории бечунучаро аз Ҷабҳаи муқовимат дар дараи Панҷшерро интихоб кардаанд.Шоирону тоҷик дар васфи Панҷшеру нирӯҳои муқовимат ва фармондеҳи онҳо Аҳмади Масъуд даҳҳо шеъру достон гуфта, овозхонҳои тоҷик алакай нахустин таронаҳояшонро дар ин мавзӯъ пешкаш кардаанд.

УММЕД

Ҳама шӯру ҳама даъво ҳамин ҷост,

Ки бозори “Ватансавдо” ҳамин ҷост.

Ҳама гургони олам бар алайҳаш,

Ғизоли яккаву танҳо ҳамин ҷост.

Чаро Афғонситонаш ном кардан,

Фиғонро қимматаш танҳо ҳамин ҷост?!

Башар аз шар(р) намеёбад раҳоӣ,

Ҷаҳаннам гӯйӢ дар дунё ҳамин ҷост,

Умеде дар дилаш бар ШОС агар буд,

Диле афтод зери по, ҳамин ҷост.

“Ту танҳоиву ман танҳотар аз ту”,

Ватан, ки бар сарат савдо ҳамин ҷост.

Вале аз ноумедиҳо умед аст,

Тавонгар холиқи якто ҳамин ҷост.

Ба имдодаш яке аз миллиюнҳо,

Чу Помир қоматаш боло ҳамин ҷост,

Ҳанӯз дар хуни ӯ Рустам намурдаст,

Ҳамон Рахшу ҳамон ҳайҷо ҳамин ҷост.

Ҳамон ҷӯшу хурӯше дар дилаш буд,

Ҳамон Омутарин дарё ҳамин ҷост!

Магӯ, к-ин шомро фардо набошад,

Ҳамон хуре дамад фардо ҳамин ҷост!

Хуросонро зи қаъри дури таърих

Касе, ки мекунад барпо ҳамин ҷост!!!

(Нуқра Суннатниё)

Абдуллоҳи Раҳнамо

ҲАМСАНГАРӢ

Қасам ба кӯҳ, ки як мазҳари муқовимат аст,

Утоқи хонаи ман дафтари муқовимат аст.

Ду моҳ рафт, ки чун пайрадор бедорам,

Қатори мижаи ман лашкари муқовимат аст.

Ба пушти миз гаҳе рўйи даст мехобам,

Ки мизи кории ман сангари муқовимат аст.

Саҳифаҳои маҷозӣ ба ҳирс меполам,

Магар дар он хабаре аз дари муқовимат аст.

Ва гоҳ-гоҳ ба фарзанд низ мехонам,

Ки рамзи исми шабаш «ёвари муқовимат» аст.

Ду моҳ рафт, ки тилфон намондаам аз даст,

Ки он даричаи рӯшангари муқовимат аст…

Зи Панҷшер сурӯше ба осмон мерафт,

Қиёмат аст ва ё маҳшари муқовимат аст?

Чӣ сахт меравад он ҷо набарди озодӣ,

Ки сарнавишти Ватан бар сари муқовимат аст.

Агар зи минбари дарсу расона маҳрумам,

Ҳамин саҳифаи ман минбари муқовимат аст…

Ду моҳ рафт, ки об аз гулӯ намешорад,

Қасам ба кўҳ, ки як мазҳари муқовимат аст…

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button