ВидеоМуҳоҷиронҲуқуқи инсонЧеҳраҳо

СУДИ ДУШАНБЕ: ПАРВАНДАИ ИЗЗАТ АМОН БАСТА ШУД. Ӯ БОЯД АКНУН АФВ ВА ОЗОД ШАВАД (ВИДЕО)

Котиботи додгоҳи шаҳри Душанбе гуфтааст, мурофиаи Иззат Амонро рӯзи 22 сентябр ба поён расонда, парвандаашро “бастанд”. Дар додгоҳ ба Радиои Озодӣ гуфтаанд, ки “қарзи Иззат Амон аз даъвогарон ба 1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 доллар баробар буд, ҳамаашро супориданд”. Ин имкон медиҳад, ки Иззат Амон мавриди афв қарор бигирад ва озод шавад. Ин ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик аз замони ба таври мармуз аз Маскав рабуда шуданаш дар таърихи 25 март, инак, ним сол боз дар боздоштгоҳи №1 дар Душанбе бо иттиҳоми бофатаи “қаллобӣ” дар ҳабс қарор дорад.

Пардохт шудани ҳамаи пулҳои даъвоӣ: 1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 долларро адвокати Иззат Амон  Саидбурҳон Шарифов низ тасдиқ кардааст.

Пайвандони Иззат Амон чандин бор гуфтаанд, ки ҳарчанд иттиҳомоти эълонкардаи мақомотро сохта ва даъвоҳоро бардурӯғ мешуморанд, вале ба хотири зудтар озод шудани ӯ пардохтани тамоми ин пулҳои даъвоиро ба гардан гирифтаанд.

Аввалин шуда хабари эҳтимоли рӯзҳои наздик озод шудани Иззат Амонро рӯзи 22 сентябр пойгоҳи хабарии “Бомдод” бо нахустин акси ӯ дар боздошт нашр кард. Дар ин акс ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар яке аз ҳуҷраҳо дар бинои додгоҳи шаҳри Душанбе сабт шудааст.

Як манбаи “Бомдод” гуфт, Иззат Амон пули тақрибан ҳамаи онҳоеро, ки нисбат ба вай даъвои пулӣ доштанд, пардохт кардааст ва танҳо як нафари дигар боқӣ мондааст, ки шояд то ягон рӯзи дигар он ҳам пардохт шавад ва баъди он Иззат Амон бар асоси қонуни афв ба озодӣ барояд. Қонуни афве, ки ба муносибати сисолагии истиқлоли Тоҷикистон қабул шуд,  афви онҳоеро, ки бар асоси моддаи 247 Кодекси ҷиноятӣ бо иттиҳоми қаллобӣ маҳкум шудаанд ё парванда доранд, низ пешбинӣ мекунад, вале ба шарти пардохти маблағи зараре, ки дар парвандаашон дарҷ шудааст.

Иззат Амон рӯзи 25 марти соли ҷорӣ, ҳамагӣ чанд рӯз баъди лағви шаҳрвандии русиаш, ба таври мармуз аз Маскав ғайб зад ва ду рӯз баъд дар Душанбе “пайдо” шуд. ВКД Тоҷикистон эълон кард, ки Иззат Амон дар ин вазорат дар боздошт қарор дорад ва ба зиддаш дар УБОП бо иттиҳоми қаллобӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Иззат Амон 20 апрели соли 1973 дар деҳаи Зафар (маъруф ба Горбаня)-и ҷамоати Чоряккорони ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, аз ибтидои солҳои 2000-ум дар Маскав ба сар мебурд ва ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик машғул буд. Ӯ дар баҳори соли 2020 Маркази тоҷикони Маскавро таъсис дод ва дар моҳҳои аввали пандемия як маъракаи густардаи кумак ба муҳоҷирони бекормондаи тоҷикро ба роҳ андохт.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button