ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ШАҲРИТӮС, ҚАЛЛОБИИ ДУ ЗАН ДАР ЁВОНУ ХУҶАНД ВА БОЗДОШТИ РОНАНДАИ “ТАҶЕРО”

Соати дуи шаби 22 скнтябр бар асари ба қафои мошини боркаши “Шакман” бархӯрдани “Мерседес” дар роҳи байни Шаҳритӯсу Дӯстӣ як мусофири “Мерседес”, зани 35солаи сокини ноҳияи Шаҳритӯс ҷон бохта, ду мусофири дигар ҷароҳат бардоштаанд.

ххххххххххххххххх

Ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи Ёвон ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 3 март, аз як ҷавони 22-солаи сокини Ёвон 126 ҳазору 800 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки барои ӯ телефони “Айфон-12” ва хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдахилофӣ карда, пули ӯро хӯрдааст.

ххххххххххххххххх

Зани 46-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш ҳам барои қаллобӣ суд шудааст, ба он гумонбар мешавад, ки моҳи марти соли 2020  худро ба як марди 38-солаи сокини Хуҷанд корманди шуъбаи заминсозӣ муаррифӣ намуда, бо ваъдаи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бинои истиқоматӣ аз ӯ 88 ҳазор доллар гирифтааст.

ххххххххххххххххх

Марди 39-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ (собиқ ронандаи ҶДММ “Таҷеро”)  соли 2019 ба боварии назоратчии ин ширкат даромада, аз анбор  ба маблағи 331 ҳазор сомонӣ маҳсулоти озуқа гирифта, ба нуқтаҳои савдо тақсим кардаааст, вале пулашро насупоридааст.”Таҷеро” соли 2019 се корманди дигарашро низ ба аз они худ кардани пули маҳсулоти ин ширкат ба маблағи тақрибан 270 ҳазор сомонӣ айбдор карда буд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 23 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани садамаи нақлиётии марговар

Рӯзи 22-юми сентябри соли 2021, тахминан соати 02:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Қурбонов Тимур Комилович, соли таваллудаш 1992, сокини ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлоли ноҳияи Қубодиён, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шаҳритус ба самти ноҳияи Дӯстӣ дар ҳудуди деҳаи Б.Ғафуров аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба қисми қафои автомашинаи боркашони тамғаи “Шакман”, ки ба ронанда, Ҳусейнов Маҳмадалӣ Аминович, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри Ваҳдат таалуқ дорад, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, мусофири дохили автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Маҳмадалиева Манзура Музаффаровна, соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Шаҳритус, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст ва дигар мусофирони дохили автомашинаи мазкур: Суюнова Мафтуна Музаффаровна, соли таваллудаш 1988 ва Халифаева Адолат, соли таваллудаш 1990, истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Н.Хусрав, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба саломатиашон бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

Ифшо гардидани кирдорҳои қаллобӣ

Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонзани 22-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 3-юми марти соли 2021, бо роҳи фиреб ба боварии ҷавони 22-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, аз ӯ 126 ҳазору 800 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки барои ӯ телефони мобилии тамғаи “Айфон-12” ва хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо ваъдаҳои додаашро иҷро накарда, маблағҳои ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ҳамин тарик ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 46-солаи сокини шаҳри Хуҷанд, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, моҳи марти соли 2020 бо роҳи фиреб ба боварии марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, худро корманди мутахассиси шуъбаи заминсозӣ муаррифӣ намуда, бо ваъдаи ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бинои истиқоматӣ аз ӯ 88 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Дар натиҷаи баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини ноҳияи Фирдавсӣ (собиқ ронандаи ҶДММ “Таҷеро”) ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 11-уми октябри соли 2019, бо роҳи фиреб ба бовари назоратчии ҶДММ “Таҷеро”, марди 37-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ даромада, аз анбори ҶДММ-и мазкур маҳсулоти озуқавориро дар ҳаҷми 331 ҳазору 604 сомонӣ гирифта, ба нуқтаҳои савдо тақсим карда, маблағро насупорида, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Дуздии маблағи пулӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 25-солаи сокини шаҳри Конибодом бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, рӯзи 21-уми сентябри соли 2021, тахминан соати 19:00, бо роҳи пинҳонӣ аз таги ғилофи телефони мобилии тамғаи «Самсунг А32», ки ба зани 28-солаи сокини шаҳри мазкур тааллуқ дорад, 300 доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомашинаи «Опел-Астра»

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо ариза ҷавони 23-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шаби 14 ба 15-уми сентябри соли 2021, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи шустушӯи «Автомойка», воқеъ дар маҳаллаи Испечак, автомашинаи тамғаи «Опел-Астра»-ро ғайриқонуни ҳай карда бурдааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 24-солаи сокини ноҳияи Фархор бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани воситаи нақлиёт дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button